Зане, ки барои ширинӣ кӯдаки 3-солаашро кушт, ҷазои сангин гирифт
391

Ситора Бобоева, сокини деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Хуросон аз ҷониби Суди вилояти Хатлон барои куштори духтари сесолааш ба 18 соли зиндон маҳкум гаштааст.

Ба қавли Варқа Зайниддин, ёрдамчии прокурори вилояти Хатлон, ин ҳодисаи нохуш субҳи 13-уми сентябри соли 2025 ҳангоми машғули тозакунии оғилхона будани зан рӯй додааст. Духтарчаи 3-солааш Мавлуда назди Ситора омада, хоҳиш кардааст, ки ба ӯ ширинӣ диҳад. Зан дар ҷавоб гуфтааст, ки баъди анҷоми кораш ба ӯ ширинӣ медиҳад, вале кӯдак якравӣ карда, гиря мекунад, ки ҳозир диҳад. Модар аз инҷиқии кӯдак ба ғазаб омада, ӯро латукӯб кардааст ва баъдан бо селофан бӯғӣ карда, аз ҳаёт маҳрум сохтааст.

Пас аз ин, модари фарзандкуш ҷасади кӯдакро дар оғилхона пинҳон карда, ба кӯча баромада, доду фарёд задааст, ки духтарчааш гум шудааст.

“Ситора Бобоева бо мақсади пинҳон кардани ҷиноят шаби 13 ба 14-уми сентябр ҷасади духтарашро ба канали калони деҳаашон мепартояд. Ҷисми беҷони Мавлуда Бобозодаи сесола рӯзи 17-уми сентябр аз деҳаи Бандари ноҳияи Хуросон ёфт шуда, ҳангоми ташхиси ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ошкор карда шудаанд”,- гуфтааст Варқа Зайниддин.

Ҳамин тавр, Ситора Бобоева боздошт ва алайҳаш бо иттиҳоми “куштори шахси бараъло ноболиғ” парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, аз ҷониби суд ба ҷазои сангин - 18 соли зиндон маҳкум гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД