Arzon march 2024
Зане, ки "бонкамат"-ро шикаст, дастгир шуд
855

 

Зане, ки бонкамати «Душанбе сити»-ро шикаста буд, аз тарафи кормандони милитсия дастгир карда, бозпурсӣ карда шуда, эҳтмоли кушодани парвандаи ҷиноятӣ вуҷуд дорад.

Шикояти шаҳрвандон оид ба надоштани маблағ ва фаъол набудани баъзе дастгоҳҳои худкори бонкӣ (банкомат) дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдеро дар пай дорад.

Шикаста шудани дастгоҳи бонкӣ аз ҷониби зане, ки дар дурбин сабт шудаву расонаӣ гашт, сокинонро ба ду гурӯҳ ҷудо намуд. Гурӯҳи аввал мегуфтанд, ки зан барои пайдо накардани пул аз бонкамат сари эҳсос ба чунин кор даст задааст ва гурӯҳӣ дигари бошад ин рафтори ӯро барояш зам шудани мушкилии иловагӣ хонданд.

Раёсати вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки дар ҳеҷ ҳолат як шаҳрванд наметавонад худсарона чунин дастгоҳҳои худкори бонкиро шикаста корношоям намояд.

Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавонзани дар навор инъиксоёфта шаҳрванд Муминова Меҳрафрӯз соли таваллудаш 08.09.1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Темурмалик деҳаи М.Турсунзода мебошад.

Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 18-уми майи соли ҷорӣ аз сабаби надоштани маблағ асабонӣ шуда, ба воситаи санг ду адад дастгоҳи худкори бонкии (банкомат) ҶДММ «Душанбе сити»-ро воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур кӯчаи С.Айниро зада корношоям намудааст.

Чуноне дар боло зикр намудем, навори бо санг зада шикастани ду адад банкомати ҶДММ «Душанбе сити» аз ҷониби як нафар зан расонаӣ гашта буд, ки сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.

 

Дар ҳаракатҳои номбурда, ки қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дида мешавад, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД