Занг аз телефони дӯсти фавтида
368

Ду сол пеш дӯсти наздики ман аз дунё гузашт. Имрӯз бошад, аз рақами телефони ӯ занг омад. Инро тамоман интизор набудам.

- Лаббай,- гуфтам бо ҳаяҷон.

Дидам, ки писарчаи хурдиаш будааст. Бо овози бегуноҳ аз ман хоҳиш кард, ки барояш велосипед харам.

- Албатта, бачаҷон, мехарам,- гуфтам.

Баъд аз ӯ пурсидам:

- Маро мешиносӣ, бачам?

Кӯдак посух дод:

- Не, ман шуморо намешиносам. Ман дар хона расмҳои падарамро тамошо карда нишаста будам. Дар байни онҳо расми як марди ситорагарм баромад. Дар пушти расм ҳамин рақам ва чунин навиштаҷот будаст: "Эй фарзандон, дар оянда, агар рӯзе ба чизе ниёз доред ва бо ман тамос гирифта натавонед, ба ин рақам занг занед. Ман ҳам ҳамонам… Фақат дар ҷои дигар зиндагӣ мекунам ва дар сурати дигар инсон".

Оре… шумо чунин дӯст доред?

Шумо метавонед чунин дӯст бошед…?

Г. ҲОМИДОВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД