sebiston july new
Зани 72-солае, ки бо нонпазӣ машҳур шудааст
708

“Соли 2010 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб омаданд. Он вақт маро барои нонпазӣ сари танӯр даъват карда буданд. Яке бахт ба рӯям хандиду бо Президент рӯ ба рӯ шудам. Ҳамин тавр, Сарвари давлат маро ба пойтахт даъват карда, дар инҷо ҷою макон додаанд”,- мегӯяд момаи Фариштамоҳ.

Фариштамоҳ Ашӯрова 72-сола аст. Ӯ нисфи умри худро сарфи нонпазӣ кардааст. Беш аз 14 сол аст, ки дар Душанбе нонвойхонаи худро дорад ва ҳар рӯз барои мизоҷонаш нонҳои тоҷикӣ мепазад.

Қиссаи зиндагии нонпази куҳансол

Ҳангоми тақдими хонаҳои нав ба зарардидагони сел дар Кӯлоб момаи Фариштамоҳро Президент мебинад ва нонҳои пухтаашро мечашад. Кори дасти хола ба Президент писанд меояду пешниҳод мекунад, ки ӯ ба Душанбе кӯчида, сокинону меҳмонони пойтахтро бо нонҳои болаззаташ таъмин кунад. Момаи Фариштамоҳ ин пешниҳоди президентро қабул мекунад.

Баъди ба Душанбе омадан, ба ин зани ҳунарманд хонаи истиқоматӣ ва нонвойхона дода мешавад. Ҳоло нонпазхонаи холаи Фариштамоҳ дар гулгашти Ҳофизи Шерозӣ ҷойгир аст, ки хола он ҷо бо ду духтараш кор мекунад. Момаи Фариштамоҳ ба ҷуз нонҳои тоҷикӣ, ба монанди чаппотӣ, фатир, кулча ва гирдача, инчунин хӯрокҳои миллӣ, ба монанди шакаробу фатиршӯрбо омода мекунад.

Новобаста аз синну сол ин зани ҳунарманд ҳар рӯз як халта ордро хамир карда, нон мепазад. Кори қаҳрамони мо аз соати 2-и шаб оғоз мегардад. Ӯ мегӯяд, ки “дар нонвойхона ҳама кори худро дорад ва медонад, ки чӣ кор кунад”. Хамиркуниву нонпазиро худи Фариштамоҳ пурра бар дӯш гирифтааст. Духтарҳояш бошанд, ба омода кардани хӯрокҳо машғул мешаванд.

“Одамон маро дида, мепурсанд, ки “душвор нест дар ин синну сол кор кардан?”. Дар ҷавоб мегӯям: “Ман ҳоло метавонам дар як рӯз то чор- панҷ халта ордро хамир карда, нон пазам. Ин кор бароям ягон душворӣ надорад. Шукри Худо, дасту поям равон, қувватам мерасад. Ман 44 сол боз ба ин касб машғулам. Монда намешавам, зеро касбамро дӯст медорам”.

Момаи Фариштамоҳ мегӯяд, ки бо нарху навои бозор ӯ коре надорад. Нархи маҳсулоташ дастрас буда, харидорҳояш зиёд аст: “Овозаи нонҳои ман то ба куҷоҳое нарасидааст. Аз тамоми шаҳри Душанбе муштарӣ дорам. Барои тӯю маъракаҳо бошад, фармоиш мегирам”.

Занҳои заҳматкаш хор намешаванд

Момаи Фариштамоҳ чанд сол қабл шавҳарашро аз даст додааст. Вале бо вуҷуди ин, сари по монда, фарзандонашро калон кардаву хонадор кардааст. Барояш ин машғулият душвор набудааст, зеро ин ҳунарро дар даврони мактабхонӣ аз модараш омӯхтааст ва ҳама муваффақиятҳояш ба шарофати ӯст.

“Ман ҳоло як модари хушбахту соҳибдавлатам. Фарзандонам, шукри Худо, ҳама аз пайи зиндагии худ ҳастанд. Чандин набераву абера дорам. Рӯзгор занҳои ҳунармандро хоршавӣ намемонад”,- мегӯяд ӯ.

Зиндагӣ пастиву баландиҳо дорад...
Қиссаи нонпазии момаи Фариштамоҳ аз соли 1975 дар як нонпазхонаи шаҳри Кӯлоб оғоз шудааст. Оҳиста- оҳиста дар байни мардум нонҳои хушмаззаву хушнамуди ӯ ном бароварда, дар бозор харидор пайдо кардааст.

“Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ нонвойхона чанд вақт аз кор монда буд. Ман он замон бекор будам. Баъд барои рӯзгузаронӣ ба тӯю маъракаҳо мерафтам. Зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёд дорад. Агар талош намоӣ, ба баландиҳо мерасӣ”,- қисса мекунад нонпази номӣ.

Пайваста талош кардани қаҳрамони мо маълум аст. Зеро ӯ бо заҳматҳои худ ба зиёрати хонаи Худо низ рафтаасту ҳоҷибибӣ шудааст.
Аз соати панҷи субҳ аллакай чаппотиву кулчаҳои момаи Фариштамоҳ омодаанд.

Ба қавле, мардуми атроф бо бӯйи нонҳои Фариштамоҳ субҳи худро оғоз мекунанд. Ӯ мегӯяд, ки ба ин наздикиҳо нияти бас кардани нонпазиро надорад ва то вақте қувват дар бадан дорад, нон мепазад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД