Arzon march 2024
Зани чеченамро ба хона барам?
28.05.2023
ОИЛА
1415


Ман ҳамсари меҳрубонамро дӯст дошта гирифтам. Ба муҳоҷират омадаму аз танҳоӣ сахт ба танг омадам. Хостам, ки зану кӯдаконамро оварда, дар ин ҷо зиндагӣ кунем.

Аммо ҳамсарам хонаи иҷораи тангро дида, гуфт, ки “кӯдаконамон дар ҳавлии кушоди бобояшон одат карданд ва дар ин хонаҳои танг тоқат карда наметавонанд. Ҳавлии падарӣ пур аз себу шафтолуву анор аст, ин ҷо бошад, ҳама чизро мехарӣ аз мағоза. Боз маззаи меваи Ватанро надоранд.

Танӯри нонпазӣ нест, ки чаппотӣ пухта хӯрем. Мардак, ман ин ҷо намеистам. Зудтар каме пул кор кун, дар поёни ҳавлии падариат як хонача созему ба он гузарем, то додаратро зан диҳанд”.

Хуллас, занам ба Тоҷикистон рафт. Ман, ки дар ҳаётам барои худ ҳатто чой дам накарда будам, зуд аз пайи зангирӣ шудам. Зани чечен гирифтам. Бисёр духтари худотарс аст. Акнун, ки дар Ватан як хоначаи заминии сеҳуҷрагӣ сохтаам, бояд баргардам. Занам аз зангириам дарак надорад.

Ин ҷавонзанро ҳам партофта наметавонам, номардӣ мешавад. Зани чеченам мегӯяд, ки маро ба ватанат бар, вале то имрӯз ҷуръат намекунам ба ӯ ҳақиқатро бигӯям. Ҳайронам чӣ кор кунам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
В.

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Салмон 2023-05-28, 16:56
Ба ӯ асли моҷароро фаҳмонеб.Агар шароит шавад дар ҳамонҷо ба ӯ хона харида диҳед.Зеро овардани ӯ ба ватан метавонад оилаи шуморо пош диҳад.
Посух
Мухлис 2023-05-29, 23:28
Ахмак чурьати марди надори чаро ду зан гирифти
Посух
Лайло 2023-07-27, 01:03
Беномус хочати нигох кардани як занро наметони боз зани дигар гирифтаи
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Салмон 2023-05-28, 16:56
Ба ӯ асли моҷароро фаҳмонеб.Агар шароит шавад дар ҳамонҷо ба ӯ хона харида диҳед.Зеро овардани ӯ ба ватан метавонад оилаи шуморо пош диҳад.
Посух
Мухлис 2023-05-29, 23:28
Ахмак чурьати марди надори чаро ду зан гирифти
Посух
Лайло 2023-07-27, 01:03
Беномус хочати нигох кардани як занро наметони боз зани дигар гирифтаи
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД