arzon replenishment
Зани дуюм одам нест?
11.03.2023
Mahina
1679


Вақтҳои охир дар ҳафтанома номаҳои бонувонеро мутолиа мекунам, ки бар зидди занҳои дуюм суханони пасту баланди зиёде менависанд.

Ман худам зани якум ҳастам. Бо шавҳарам 12 сол зиндагӣ кардем, вале фарзанддор нашудем. Тамоми хонаводаи шавҳарам шарт гузоштанд, ки аз ман ҷудо шаваду ба хотири фарзанддор шудан зани дигар гирад. Зеро тамоми ташхисҳои тиббӣ нишон доданд, ки аз ман кӯдак намешавад. Шавҳарам дудила буд.

Вақте барояш зан ёфтанд, ҷавонзане, ки бояд зани шавҳари ман мешуд, ашки шашкатори маро дида, дилаш сӯхту ба шавҳарам гуфт, ки маро сар надиҳад. Ӯ зани дуввум шуд. Фарзанди аввалинаш писар таваллуд шуду фарзанди дуввумаш духтарча.

Духтарчаашро ба ман дод. Мани бе фарзанд аз садои гиряи тифлак хурсанду хушрӯз ҳамарӯза дуои ҷонашро мекардам. Зани дуюми шавҳарам ӯро насиҳат мекард, ки аз ҳоли ман зуд-зуд хабар гирифта истад. Ӯ боз ҳомиладор шуд, аммо ҳангоми тавлиди писараш - фарзанди саввум фишори хунаш баланд шуду духтурон баҳри наҷоти ӯ ҷарроҳӣ карда, тифлро гирифтанд.

Баъди ҷарроҳӣ ҳамагӣ се рӯз зинда монду халос. Ҳангоми дидорбинӣ бо чашмони ашколуд дастонамро бӯсида, зорӣ кард, ки ба кӯдаконаш меҳри модарӣ бубахшам. Ман фиғон бардошта, гуфтам, ки Аллоҳ шифояш бахшаду худаш бо фарзандонаш бошад. Вале зани дуввуми шавҳарам вафот кард.

Ман мондаму се тифлаки бе модар. Ҳоло шавҳарам дар муҳоҷират кор мекунаду ман ба тарбияи ин дӯстрӯякон машғулам. Аз шумо хонандагони гиромӣ хоҳишмандам, барои ин ҷавонзани ғурамарг ва инсони нек, ки номаш Фарзона буд, дуо кунед.
Равонаш шод бод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД