sebiston july new
Зани дуюми шавҳари худам шудаму рӯзам сиёҳ гашт
16.01.2023
ОИЛА
2197

Зани дуюми шавҳари худам
шудаму рӯзам сиёҳ гашт
Салом! Ҳалима ҳастам, сокини маҳаллаи Гипроземми пойтахт. Шавҳарамро сахт дӯст медорам, вале ин марди булҳавас рӯзи маро сиёҳ кардаасту имрӯз дар кӯчаҳои қисмат сарсону овораам. Аз ҳамин хотир ба шумо муроҷиат намудам, то роҳи наҷотро ба ман нишон диҳед.
Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта издивоҷ карда будем, вале дар зиндагӣ ситораҳоямон бо шавҳарам мувофиқ наомаду ҷудо шудем ва ман бо духтарчаи яксолаам ба хонаи падару модарам баргаштам. Шавҳарам чанд вақт пас зани дигар гирифт. Ба тақдир тан додам, вале се сол пас шавҳарам боз мисли пашша дар гирдам парвона шуда, ба ман часпид. Ҳар рӯз занг мезад ва баъди кор пеши роҳамро гирифта, зорию тавалло мекард, ки дубора никоҳ кунем. Билохира, мани сода розӣ шудам, чунки дӯсташ медоштам. Ҳамин тавр аз аҳли оилаашон пинҳонӣ вай маро боз ба никоҳаш дароварду аз ин пайванд фарзанди дуюмам ба дунё омад. Айни замон кӯдакам 6-моҳа шудааст ва акнун боз шавҳарам маро дар нимароҳи зиндагӣ танҳо гузоштанист. Илтимос, маслиҳатам диҳед, чӣ кор кунам?
Ҳабибаи бебахт

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД