formula55
Зани гулдасте, ки заминро ба биҳишт табдил медиҳад
1041

Бо фаро расидани Нарӯзи оламафрӯз дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мавсими ниҳолшинонӣ ва кишту кор оғоз меёбад. Деҳқонон ва ниҳолпарварон дар ин шабу рӯзҳо хеле серкору сертараддуд мешаванд. Ниҳолпарварию боғдорӣ кори саҳлу сода нест ва на ҳар кас аз ӯҳдааш мебарояд. Имрӯз мо ба шумо-хонандагони азиз дар бораи зани гулдасте қисса мекунем, ки беш аз 30-соли ҳаёташро сарфи ниҳолпарварӣ намуда, ба қавле заминро ба нусхаи як гӯшаи ҷаннат табдил медиҳад.

Ошиқи гул 

Малоҳат Маъруповаро пиру барнои Истаравшан мешиносад. Ин зани меҳнатӣ 62-сол дорад ва қариб 30 сол мешавад, ки деҳқонӣ мекунад. Ӯ аз хурдӣ ба кишту кор шавқи зиёд дошта, ба парвариши ниҳол, гул ва растаниҳои дигар машғул буд ва гоҳ-гоҳ гулҳои гуногунро ба ҳам пайванд намуда, таҷриба мегузаронд, ки аз ин пайванд чи ҳосил мешуда бошад.
"Аз хурдӣ ба кишту кор машғул будам. Ҳамин, ки мавсими кишт фаро мерасид, дар рӯйи ҳавлиамон тухмиҳои гул ва кӯчат мекоридаму ҳамарӯза нашъунамо ёфтанашонро дида, курта-курта гӯшт мегирифтам. Ҳамин тавр шавқу ҳавасам ба деҳқонӣ афзун гашта, барои дар бораи пайванд, гирифтани кӯчат, захираи тухмӣ ва киштукор маълумоти бештар ба даст овардан китобҳои зиёдеро мутолиа мекардам. Ҳамин шавқу ҳавас боис гашт, ки тамоми умрамро ба деҳқонӣ бубахшам”-қисса мекунад қаҳрамони мо.

Шавқу ҳавас ба касби дӯстдошта табдил ёфту...

Малоҳат Маърупова ба деҳқонӣ, хоса ниҳолпарварӣ пас аз ба шавҳар баромадан ҷиддан машғул шудааст. Агар то он дам кишту кор барояш танҳо як шавқу ҳавас буд, баъди шавҳар кардан ба касби дӯстдоштаи ин бону табдил ёфтааст. Ҳамакнун номи Малоҳатхон ҳамчун ниҳолварвари хуб машҳур гаштааст ва ҳар сол мизоҷони зиёде барои бунёди боғ аз минтақаҳои гуногуни кишварамон аз қаҳрамони мо ниҳол мехаранд.

Тарзи парвариши ниҳол

Парвариши ниҳол нозукиҳои ба худ хос дорад. Дар бораи чӣ тавр захира кардани тухмӣ, коштани он ва парвариши ниҳол қаҳрамонамон чунин гуфт:

"Пеш аз ҳама тухмии меваҳои гуногунро захира карда дар ҷойҳои махсус ва салқини торик гузоштан лозим аст. Аз моҳи ноябр сар карда, тухмиҳоро мекорем. Он дар фасли зимистон зери барфу борон меистад. Замини кишткардаамонро тез-тез аз алафҳои бегона тоза карда, тагашро нарм мекунем. Тухмиҳо аввали баҳор мебарояд ва то моҳи апрел ниҳолчаҳо тахминан 1см мешаванд, баъд онҳоро гирифта ба қаторҳо ҷудо мекунем ва дар вақтҳои муайян об дода, порӯ мезанем. Ҳамин тавр тӯли се сол ниҳолҳоро парвариш мекунем, баъд ниҳолҳои пайвандиро вобаста ба хусусият ва аз рӯйи шаклу намудашон пайванд мекунем. Шукр, ки то имрӯз ҳама ниҳолҳои пайванд кардаам хуб нашъунамо ёфтаанд..."

Малоҳат Маърупова ниҳолҳоро се намуд-муғчапайванд, исканапайванд ва найчапайван мекунад. Ба гуфти ӯ тамоми пайвандҳои кардааш хуб мегиранд.

Дар як сол 30-40 ҳазор бех ниҳол

Малоҳат Маърупова тухмии навъҳои гуногуни себ, нок, шафтолу, олу, зардолу, гелос, бодом ва ғайраро кошта аз онҳо ниҳол мегирад. Токпарварӣ низ яке аз шуғлҳои асосии қаҳрамони мо маҳсуб меёбад.

"Ҳар сол 30-40 ҳазор бех ниҳол мегирем. Агар ба замин меҳр диҳед ва содиқона меҳнат карда, ниҳолҳоро парвариш кунед, мувофиқи коратон ҳосил медиҳад. Тавре ки дар урфият мегӯянд, ду чизро фиреб карда намешавад, деҳқонӣ ва илмро. Аз ин рӯ фақат меҳнат кардан даркор. Мо ҳама чиз дорем, аз ҳама муҳимаш тинҷиву амонӣ ва иқлими мусоид,"- иброз дошт зимни сӯҳбат қаҳрамонамон.


Малоҳат Маърупова дар растаи муваққатии ниҳолфурӯшони бозори шаҳри Истаравшан ниҳол мефурӯшад. Ҳамзамон дар ярмаркаҳо ба шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳӣ меравад. Парвариши ниҳол барои ин зани меҳнатқарин василаи пеш бурдани зиндагӣ гаштааст. Кош шумори чунин занҳои гулдаст, ки заминро ба ҷаннат табдил медиҳанд, бештар гардад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД