Arzon march 2024
Зани тоҷик дар морги Русия зинда шуд
4242

 

“Худоё, ман дар куҷоям? Чаро дасту пойҳоям карахт шудаанд? Фу, ин бӯйи ғализ аз куҷост...” Марзия базӯр чашмонашро кушод ва сарашро каме бардошта ба атроф нигаристу аз тарс бо тамоми овоз фарёд зад. Дилаш чунон бошиддат ба задан даромад, ки гумон мекард ҳамин ҳоло мекафад. Ҷавонзани бечора дарақ-дарақ ларзида фикр мекард, ки ин ҷо куҷо бошад. Ҳамин вақт балои якбора аз қаъри замин баромадагӣ барин, аз болояш касе ҷаҳид. Марзия як қад парида, бо чашмони нимбоз ба гирду атроф нигарист: ду кӯдаки зардина, ки рус буданашон аён буд, сур-суракон мекарданд. Гумон кард, ки он ду кӯдак рӯҳи мурдаҳоянд. Аз ин андеша хун дар рагҳояш ях баста қариб шох шуда буд, вале ҳамин дам садои гуфтугӯи ду кас ба гӯшаш расиду дилаш каме ором гирифт.

-Агар аз дидани мурдаҳо натарсед, марҳамат,-маълум буд, ки соҳиби овоз корманди морг аст.

-Ана ба ин расм нигаред, апаам рӯзи ҷумъа аз хона баромада буд ва тоҳол бедарак аст. Ҳама ҷоро кофтем, аммо ягон ному нишонашро наёфтем.
-Марзия овози гиряолуди хоҳарашро зуд шинохту хурсанд шуда аз ҷояш парида хестанӣ шуд, вале фикр кард, ки агар ҳамин хел якбора ҷаста хезад, хоҳараш талхакаф шуда мурданаш мумкин аст. Вай лаб зери дандон гирифта, идомаи воқеаро интизор шуд.

-Ака, ин кӯдакон кистанд?-пурсид хоҳараш бо ҳайрат.

-Як зани бесоҳиб дар морги мо фаррош шуда кор мекунад. Ин бачаҳо кӯдакони ҳамон зан ҳастанд. Азбаски ҷойи рафтан надоранд, ҳамроҳи бачаҳояш шабҳо дар ҳамин ҷо хоб меравад,-фаҳмонд корманди морг.

Худоҷон, тавба кардам! Ин хел ҳам мешудааст,-ҳайратзада хитоб кард хоҳараш.

-Ҳа, одамзод ба ҳама мушкилоту сахтӣ тоб меовардааст-нигоҳбони МОРГ инро гуфту шараққосзанон дари яхдонҳои калонро кушод. Ҷасадҳо рӯ ба рӯ мехобиданд. Саврӣ бо рӯймолча даҳону биниашро дошта, ҷасадҳоро бодиққат аз назар мегузаронд.

-Барои чӣ мурдаҳоро рӯ ба рӯи ҷой кардед?

-Барои он, ки 5 то яхдони дигарамон кор намекунад.

Саврӣ дар байни мурдаҳои дар яхдон хобида хоҳарашро наёфта, навмед баромаданӣ буд, вале ин дам корманди морг ӯро нигоҳ дошта гуфт:

-Бегоҳ ҷасади як занро оварда буданд. Ягон ҳуҷҷат надорад. Як бор бин, шояд апаи ту бошад, чунки сабзина ва чеҳрааш ба мардуми осиёӣ бисёр монанд аст.

Саврӣ ҷониби кате, ки Марзия болои он мехобид, равон шуд. Марзия дигар тоқат накарда овоз баровард:” Натарсед, ман зиндаам!”

Саврӣ аввал сахт тарсида бошад ҳам, зуд худро ба даст гирифт ва апаашро ба оғӯш гирифта, оби дидагонаш ба рӯяш шорид.

Марзия лаб газида қисса кард, ки вай каме пештар дар ин мурдахонаи бадбӯй ба худ омад ва қариб буд, ки аз тарс дилкаф шуда, мурад....

Меҳмонии касофатбор

Аҳли оила Марзияро сиҳату саломат дида, аз шодӣ ба худ ҷойи нишаст намеёфтанд. Онҳо ҳеҷ умед надоштанд, ки дар ин мулки бегона духтарашонро зинда пайдо мекунанд. Падару модараш гумон доштанд, ки тоссарҳои рус ё ягон авбоши дигар духтарашонро дар ягон гӯшаи ҷангал кушта партофту дидори Марзияро акнун танҳо дар қиёмат мебинанд, аммо худованд раҳмашонро хӯрда, ҷигарбандашон ба хона баргашт.

Марзия танҳо баъди ду рӯз каме ба худ омада, асли ҳодисаро ба падару модар ва хоҳару бародараш нақл кард. Вай зару зеварро хеле дӯст медошт ва ҳамеша ба дасту гардану гӯшҳояш ангуштарину гарданбанду гӯшвораҳои тиллоӣ андохта мегашт. Ҳамон рӯзи наҳс низ худро орову торо додаю зару зевари бисёреро ба гӯша гарданаш овехта ба хонаи як дугонаи русаш, ки ҷашни зодрӯз дошт, меҳмонӣ рафт. Вақте ки Марзия аз хонаи дугонааш баромад, аллакай торик шуда буд. Вай оҳиста-оҳиста қад-қади роҳи калон қадам зада бо умед ба корвони мошинҳои роҳгузар менигарист, ки шояд раҳми ягон ронанда омада, ӯро то манзил мерасонад, аммо қасд кардагӣ барин, ронандаҳо ӯро аз дарахтони сари роҳ фарқ накарда, мисли бод гузашта мерафтанд.

Ҳамин тавр то назди пул расид ва чашмаш ба чанд ҷавони авбошнамо афтида, дилаш ба ларза даромад. Аз ваҷоҳаташон аён буд, ки ҷавонон маст ҳастанд. Марзия хост тез-тез қадам монда аз назди онҳо гузашта равад, вале чашми яке аз он авбошҳо ба вай афтиду хитоб кард:

-Духтари хушрӯ, як дам ист! Мо одамхӯр нестем, ки туро хӯрем...

Марзия ба гапи ҷавон аҳамият надода, ба роҳаш рафтанӣ шуд, аммо онҳо ба мисли селаи калоғ пеши роҳашро гирифтанд. Яке аз авбошон ишора ба гарданбанду ҳалқаҳои тиллоии Мазия кард.

Аз тарси ҷон вай худаш чалаву гӯшвораҳои тиллоиашро кашида ба дасти авбошон дод ва ба роҳаш рафтанӣ шуд, аммо онҳо ӯро ба осонӣ ҷавоб доданӣ набуданд.

-Ту моро аҳмақ гумон мекунӣ? Туро ҷавоб диҳем, ки рафта аз рӯямон шикоят кунию ҳамаи моро ба пушти панҷара кашанд,-заҳрханда кард сардори авбошон.

-Шикоят намекунам, илтимос, монед ба роҳам равам,-зорӣ кард Марзия.

–Ба ҳеҷ ҷо намеравӣ,-инро гуфта яке аз авбошон чанг зада аз банди дасташ дошт ва Марзиярро ҷониби ҷангал кашола кард.

Нияти нопоки ин ҷавонони масту махмурро пай бурда, Марзия бо тамоми овоз доду фиғон бардошт: “Маро сар диҳед! Намеравам...”

Авбош дид, ки сайд аз чанголаш раҳо шуда истодааст, мушти обдоре ба баногӯши духтар зад. Марзия аз зарбаи ногаҳонӣ ба замин афтид. Дигар чи шуд, намедонад. Ҳамин қадарашро дар ёд дорад, ки ӯро кашон – кашон ба тарафи ҷангал мебурданд.

Авбошон аввал мехостанд ба номуси ӯ таҷовуз намоянд, вале чун диданд, ки духтар ниммурдаву нимзинда аст, аз тарси фош шудани ҷинояташон ӯро дар як заҳбӯр партофтанд ва рӯ ба гурез ниҳоданд. Гумон доштанд, ки аз ин ҷойҳо касе гузар намекунаду духтар мурда меравад, аммо худованд раҳми ҷони ҷавони Марзияро хӯрду ду марди роҳгузар тасодуфан аз ҳамон ҷо гузар карда истода, ҷисми нимҷони ӯро пайдо карданд. Онҳо Марзияро мурда гумон карда ба морг, ки дар ҳамон наздикиҳо буд, супурданд.

Ҳамин тавр бо инояти парвардигор Марзияи аз чанголи аҷал раста зинда монд, вале баъди ҳамон воқеаи даҳшатангез вай ким-чихел хаёлӣ шуда мон дааст. Шабҳо аз хобаш додгӯён мехезад. Ҳамеша дар хоб ӯро мурдаҳо таъқиб карда, то саҳар ҳатто лаҳзае ҳам ором хуфтан намемонанд...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Гуля 2019-05-29, 09:19
Оила, бас кунен афсонанивисира. Безор шудем?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Гуля 2019-05-29, 09:19
Оила, бас кунен афсонанивисира. Безор шудем?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД