arzon replenishment
Мурдаи зани тоҷик дар Русия бе соҳиб монд
37763

Набудани ҷойҳои корӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавону бо ду-се фарзанд дар нимароҳи зиндагӣ танҳову зор мондани занҳои бечора ва рӯз то рӯз душвортар шудани шароити зиндагӣ дар баробари мардон бонувони тоҷикро низ аз Ватан бе Ватану аз хона бе хона гардонидааст.

Ҳамасола қатори ҷавонмардон ҳазорон-ҳазор занҳои тоҷик низ аз ҳафт ҷой миёнашонро маҳкам баста, ба муҳоҷират мераванд, то бо хориву зорӣ бошад ҳам, ризқу рӯзии худу фарзандонашонро аз мулки бегона пайдо намоянд. Сафари занҳои муҳоҷир на ҳамеша барор мегирад, яке ба дасти пулису дигарӣ ба доми мардумфиребон меафтад, саввумӣ аз ночорӣ рӯ ба гадоӣ ё фоҳишагӣ меорад, чаҳорумӣ бошад, дар мулки бегона, дур аз ёру диёр ҷони ширинашро ба сахтӣ ба ҷонситон месупорад...

Далели равшани ин гуфтаҳо мурдаи бесоҳиби як ҷавонзани тоҷик аст, ки дирӯз аз метрои Строгино аз рӯ ба рӯи салони “Мажор-авто” пайдо намудаанд. Марҳум Давлатова Садбарг Ашӯралиевнаи 33-сола буда, аз рӯйи маълумотҳои шиносномааш сокини ноҳияи Ёвон аст. Тахмин меравад, ки ин зан ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ аз бинои навсохте, ки дар наздикии маҳалли ёфт шудани ҷасадаш ҷойгир мебошад, афтида, ҷон ба ҷонофарин супурдааст.

Барно рақси дугонаашро дар телефонаш сабт карда ба Нурия офарин мехонд, вале…

Ҷасади Садбарг айни замон дар МОРГ-сардхона нигаҳдорӣ карда мешавад. Аз касоне, ки ин ҷавонзанро мешиносанд, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки хабари марги ӯро ба пайвандонаш расонда, мурдаи ин зани тоҷикро дар мулки бегона бе соҳиб нагузоранд.
Телефон барои тамос: +79645594961 ва +79252776595

Поделиться новостью
Шарҳ
(6)
Хуршедабону 2019-10-21, 18:32
Худованд рахматаш кунад чояшон чаннат бошад. Ва баъдан гуфтаниям на хамавакт мардон гунахкоранд бархе аз занонам хангоми оила вайроншави гунахкоранд фикр мекунанд ки зиндаги кардан осонасту дар хонаи падар чи коре хоханд мекунанд вале хаёт ин хел нест аз хама душвор нони бевагиро хурдан дар хонаи падар бе нихоят душвор баъд аз оне ки пушаймон ки шуданд шавхару хуштоману касингул гунахкор. Баъзан занон аз хамон кинохои турки тамошо кардана фикр мекунанд ва мехоханд хамин хел хаёт дошта бошанду шавхарошон серпул бошад да пеши мошин шинанду гарданд вале хаёт ин хел нест вай хамааш кино баъд ба давлатхои бегона рафта мефахман ки дунё чист вале афсус дер шудаст. Ман як пеш ниходот дорам ки кам кунанд фуруши филмхои туркиро
Посух
Шариф Ниязов 2019-10-21, 19:00
Такдир Азалро на Ту дониву на Ман.......
Посух
Ооооо 2019-10-22, 18:03
Дахшат. Мардои точик номусатон кани?
Посух
Шер 2019-10-25, 14:09
Беҳтарин хабарнигор офарин фитнадозо ҷои шумо нест инҷо
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД