arzon replenishment
Алёна Михайловна: Ба хотири Юсуф дар Ҳисор тапак мекунам!
22370


Алёна бойдухтари рус буда, 11-сол пеш ба Юсуф ном ҷавони тоҷик ошиқ шудааст. Ба хотири ишқу муҳаббат ин духтари сарватманд аз баҳри ҳаёти шоҳона ва зиндагии серу пур гузашта, ба Тоҷикистон омадааст. Алёна ва Юсуф дар яке аз деҳаҳои дурдасти куҳӣ зиндагӣ мекунанд ва аллакай соҳиби се фарзанд гаштаанд. Алёна мисли занҳои деҳот либосҳои васеи тоҷикӣ пӯшида, рӯймол мебандад ва ҳатто намоз мехонад. Вақте ки чӣ тавр бо ҷавонмарди тоҷик оила барпо кардани ин духтари русро пурсон шудем, Алёна табассум намуда, чунин қисса кард:
-Ҳанӯз 15- сола будам, ки падарам ҷавони тоҷикеро бо исми Юсуф ҳамчун боғбон барои нигоҳубини боғу роғамон ба хона овард. Ман он вақт толибаи мактаб будам ва ҳар саҳар аз хоб хеста медидам, ки чӣ тавр Юсуфи бечора бо асбоби алафдаравӣ заминҳои рӯи ҳавлиямонро тоза мекунад. Вай мисли бачаҳои рус танбал ва майзада набуд, рӯзи дароз дар боғ ҷунбида, меҳнат мекард. Ҳамин хислаташ ба ман писанд афтид ва бо боғбон ҷӯра шудам. Падарам роҳбари яке аз калонтарин ширкатҳои моҳидорӣ аст, вале одамони ҳалолкор ва меҳнатиро дӯст медорад. Дӯстии ману Юсуфро дида, вай бо ифтихор ба дӯстонаш мегуфт: “Я горжусь, что моя дочь дружит с таким трудолюбивым и честным человеком.”
Хулласи калом, аз ину он суҳбат карда, мо ба ҳамдигар дил бастем. Бечора Юсуф модари пири барҷомонда ва як бародари зиндонӣ доштааст. Саргузашти ӯро шунида чашмонам ҳавзи об мешуданд. Пинҳонӣ аз падарам ба Юсуф пул медодам, ки ба модари пираш равон кунад. Се сол Юсуф ҳамчун боғбон дар хонаи мо мезист. Вақте ки аз падарам якмоҳа ҷавоб гирифта ба ватанаш рафт, аз ғами дуриаш қариб девона мешудам.


Шулук барин ба шавҳари ман часпида, чанд сол бераҳмона хунашро макидӣ, тамоми пули ёфтаашро кашида гирифтӣ, то ҳол сер нашудаӣ?


Маҳз дар ҳамон давра дарк намудам, ки ин тоҷикбачаи хоксору меҳнатӣ бароям чӣ қадар азиз аст. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки чӣ тавр рӯзи дубора ба хонаамон омадани Юсуф шарму ҳаёро фаромӯш карда, мани 18-сола дар пеши чашми ҳама ба гардани ӯ овезон шудам ва аз шодӣ гиря кардам. Падарам маро сарзаниш кард ва қариб буд, ки Юсуфро аз хона пеш кунад, вале баъд ором шуд ва як шом торти калонеро бардошта омаду фармуд, ки ягон хӯроки бомаза пухта мизро идона оро диҳем. Аз модарам пурсидам, ки ба хотири чӣ падарам зиёфат доданист, вале китф дарҳам кашида намедонам гуфт. Бегоҳ дар сари мизи пур аз нӯшу неъмат падарам ба дӯстонаш ва аҳли оила рӯй оварда гуфт: “Теперь у меня двое детей, я хочу сообщить вам, что выдаю свою дочь замуж за этого таджика.”
Ман аз шодӣ дар куртаам намеғунҷидам, Юсуф низ баробари ман хурсандӣ мекард. Меҳмонҳо қадаҳ бардошта, барои хушбахтии мо нӯшбод гуфтанд. Ҳамин тавр баъди чанд вақт падарам аз ҳисоби худаш дар тарабхонаи “Афиша” тӯйи пуршукуҳе ороста, тақдири ману Юсуфро бо ҳам пайваст. Як сол пас ба Тоҷикистон омадем. Модари Юсуф кампири 77-сола кулчаҳои қаймоқӣ пухта хешу таборашро хабар кард ва як маъракача орост. Муллоро оварда, моро никоҳи мусулмонӣ карданд. Забонашонро намефаҳмидам, меҳмонҳо чизе, ки нагӯянд, дар ҷавоб табассум мекардам. Рӯзҳои аввал зани бародари Юсуф “Алёна, ту хӯрок паз, ман гову молҳоро мебинам” гӯён, ба таври худаш дар ҳаққи мани ғариб меҳрубонӣ мекард. Дасту остин барзада гречка, борш, перловка, уха, свеколник мепухтам, вале ба ҷуз худаму шавҳарам дигар ягон кас хӯроки пухтаамро намехӯрд. Ҷиянҳои Юсуф “оча, хӯрокро худатон пазед, авқотҳои пухтаи янгаи урусамон бемазаанд” гуфта, биниашонро инҷ мекарданд. Оҳиста-оҳиста авсунам ба ман пухтани оши палави тоҷикӣ, мастоба, оши тӯпа, қурутоб ва ҳатто шакаробро ёд дод. Кору бори хонаро ҳам ёд гирифта ба қавле бало шудам. Дар ин миён хушдоманам бемор шуда аз дунё гузашт. Юсуф аз ғами модараш ягон чиз намехӯрд, вале ман ӯро тасаллӣ дода мегуфтам, ки роҳи ҳамаамон ба ҳамон ҷониб аст, ин қадар бисёр ғусса хӯрда, худашро афгор накунад. Шавҳарам ҳар сол ба Русия коркунӣ рафта меояд, ман бошам бо кӯдаконам дар деҳа мемонам. Пештар ҷиянҳои Юсуф маро ба қаҳрамонҳои мултфилмҳо монанда карда “Алёнушка”, “Русалка” ва ҳатто “Красная шапочка” мегуфтанд, вале оҳиста-оҳиста одами худӣ шуда мондам. Ба ҳаёти деҳа одат кардаам. Хонаводаи шавҳарам боғу роғи бисёр доранд. Қатори дигар занҳои деҳа дар боғ кор мекунам, ангур мечинам, дос гирифта дарав меравам. Хушбахтам, ки оилаи обод, шавҳари хуб ва фарзандони солим дорам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Нозимчон 2019-10-13, 07:02
Апаи азиз хушбахт бошед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Нозимчон 2019-10-13, 07:02
Апаи азиз хушбахт бошед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД