sebiston july new
Боз як муҳоҷири тоҷик ваҳшиёна кушта шуд
23068


Муҳаммад Тағоев дар саҳифаи фейсбукии худ акси даҳшатангезеро гузоштааст, ки тамоми истифодабарандагони интернетро ба риққат овард.

Ин акс як муҳоҷири тоҷик мурда хобидааст ва баръало дида мешавад, ки ӯро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида ба маъқадаш чӯб халондаанд. Бо дидани ин акс муҳоҷирони зиёд ба ғазаб омада, шарҳ ва андешаҳои худро баён кардаанд.

Яке аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо исми Сафарбек  мегӯяд, шахсияти ин муҳоҷири ба таври даҳшатангез кушташуда ҳанӯз муаян карда нашудааст, вале ба назар ҷавон тахминан 20-22 сола менамояд. Ҷасади марҳумро кормандони пулис ба МОРГ интиқол додаанд.
Ба гуфтаи Сафарбек ин амали дасти тоссарҳои рус буда, ҷиноят тахминан соатҳои 12-и шаби гузашта дар  шаҳри Люберции вилояти Москав сурат гирифтааст.


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, кормандони пулис як гурӯҳ ҷавононро боздошт намудаанд, ки дар латукӯби як муҳоҷири тоҷик даст доштанд,-хабар медиҳад.


Ба қавли Ардашери Бобакон : “Муҳоҷирони тоҷик ҳуқуқҳои худро намедонанд ва аз ҳамин сабаб касе бо кадом роҳу воситае, ки хоҳад, онҳоро азият медиҳад. Ҳоло, ки фасли сармо фаро расидааст, дар кӯчаҳои хатарноки шаҳри Маскав бояд ҳар як тоҷик эҳтиёткор бошад. Ин тоссарҳои рус моро ҳар як дақиқа метавонанд шикор карда, азобу шиканҷа диҳанд ва ба марг расонанд.Касе моро ҳимоя намекунад!”
Муттаассифона, қариб ҳар рӯз аз гӯшаву канорҳои гуногуни Русия чунин хабарҳои нохуш ба гӯш мерасанд. Имрӯз мешунавӣ, ки як муҳоҷири тоҷик кушта шудааст, рӯзи дигар муҳоҷири тоҷик маюб мешавад, рӯзи саввум муҳоҷире аз ошёнаи баланд афтида, ҷон ба ҷонофарин месупорад ё ба маҳбас меафтад. Муҳоҷирони тоҷикро мезананд, мекушанд, бо ҳар баҳона ба пушти панҷара мешинонад ва ё депорт мекунанд. Ин ҳол то ба кай идома меёфта бошад?!


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД