Commerc banl
Зани занҷирбанд (ҚИСМИ 4)
433

Анвар баъди хатми Донишкадаи педагогӣ ба деҳаи азизаш баргашта, дар тараддуди зангирӣ шуд. Ҳанӯз аз хурдӣ ба духтари ягонаву моҳпайкари холааш дил баста, интизор буд, ки кай Гулҳарам ба синни 18 қадам мемонад.

Гулҳарам аз рӯзи таваллудаш мисли парии афсонавӣ ҳусни аҷибе дошт. Чашмону абрӯвони сиёҳ, рухсораҳои табиатан сурх, миҷҷаҳои дарози дилшикан, қаду қомати баланду мавзун ва кокулони дарози ба қадаш тамоми мардуми деҳаро мафтун гардонида буд. Хулқу атвораш, ҳунармандиву кадбонугиаш вирди забони ҳамагон буду ҳар як хонаводаи писардор мехост ӯро келин карда ба хонааш биёрад. Вале Гулҳарам ҳам аз давраи наврасиаш нигоҳҳои ташнаву ошиқонаи писари холаашро дида, дар дил пинҳонӣ ошиқи шайдои Анвар гашта буд.

Вақте ки Анвар гашта ба деҳа омад, умедвор интизори хостгории холаи меҳрубонаш шуд. Байни апаву хоҳар розигии том барқарор шуду рӯзи тӯйро муайян карданд. Гулҳарами зебосанаму моҳпайкар насиби Анвари болобаланд шуд.

Баъди тӯйи боҳашамматро гузаронидан арӯсу домод ба шаҳри Дубай барои гузаронидани моҳи асал сафар карданд. Анвар худро хушбахттарин марди дунё ҳисоб мекард. Баъди аз шаҳри Дубай баргаштан якбора Гулҳарам хаёливу дамдузд шуд. Мисли пештара намехандиду ба шӯхиҳои ҳамсараш ҷавоб намедод. Анвар ин ҳолати ғамгинонаи ҳамсари азизашро дида, сахт андуҳгин шуд. Бо модараш маслиҳат карда, ӯро ба назди духтури занона барои ташхис бурданд. Духтур ӯро аз назар гузаронида, хурсандона хабар дод, ки Гулҳарам якмоҳа дар батнаш тифл дорад. Шодиву хурсандии Анвару холаашро ҳадду канор набуд. Анвар дар орзуи писар буд.

Гулҳарам баъди шунидани ҳомилагиаш ҳам хурсанд шуду ҳам ғамгин. Ғамгинии ӯро худаш медонисту Худованди болои сараш. Аз дили ин ҷавонзани зебову нозанин чӣ мегузашт, касе дар ин хонадон пайхас намекард.

Гулҳарам шабҳо оҳиста аз бистари хобаш бархоста, ба ҳавлӣ мебаромад. То субҳи солеҳон дар рӯйи ҳавлӣ гаштугузор мекард. Ин ҳолати ӯро дида, холааш талхакаф шуд. Ба ёдаш модари зебояш расид, ки дар солҳои охирини умраш ба дарди ҷунун гирифтор шуда, ҷони ҳамаро ба лаб оварда буд.

... Худоё, наход духтари апаам ҳам дарди бедавои модарамро мерос гирифта бошад...

Анвар аз фикру хаёл қариб ки девона шавад. Гулҳарам тамоман ба ӯ аҳамият намедод. Вай ҳатто ба худаш ҳам мисли аввала аҳамият надода, мисли занҳои лӯлӣ мегашт. Шабҳо худ ба худ гап зада, кокулони дарозашро кушода, рақс мекард. Ҷогаҳашро аз шавҳараш ҷудо партофта, мегуфт, ки маро бо Қунғоз-парӣ никоҳ кардаанд, ту дигар ба ман наздик нашав. Вақте ки Анвар меҳрубонӣ мекард, як хез зада рӯйи ӯро чангол мезад ва дод мегуфт. Ба кори хона ҳам аҳамият намедод. Бо холааш доимо ҷанҷол мекард, ки ӯро назди парии ошиқаш бимонад.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД