goodwell
Занҳо ба назди фолбин рафта ба чанги милитсия афтиданд
27.07.2026
Оила
60

Занҳо ба назди фолбин рафта

ба чанги милитсия афтиданд

Кормандони милитсия дар ноҳияи Сино 3 нафар занонеро, ки назди фолбин рафта буданд, ҳамроҳи худи фолбин дастгир кардаанд.

Бино бар иттилоъи Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Дилбар Исаковаи 53 сола аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо гумони машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду бо истифода аз риштаю сӯзан, қайчӣ, шона, лезва, об, корд ва расми шаҳрвандон дастгир шуда, нисбаташ бо моддаи 482 КҲМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда шудааст, ки мутаносибан 6240 сомониро ташкил медиҳад. Се муштарии фолбинзан-Таманнои Рустам, Давлатова Ҳатифӣ ва Усмонова Аманда низ боздошт гашта, ҳар кадом ба андозаи 3900 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД