formula
Занҳои ихтироъкори тоҷик соҳиби 5 медали тилло гаштанду...
479


Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон бахшида ба Рўзи байналмилалии занону духтарон дар илм тањти раёсати Раиси Кумита Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъхон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар занону бонувони олимаву ихтироъкор, аспирантону магистрон, устодону донишҷўёни муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар иштирок намуда, дастоварду муваффаќиятњо ва пажўҳишҷу ихтироотњои илмии худро муаррифӣ намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Рўзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм бо ќарори Созмони Милали Муттањид њамасола 11-уми феврал дар саросари ҷаҳон ба таври хоса таљлил мегардад.


Баргузории чунин чорабинињои илмї бо љалби доираи васеи олимону зиёиён ба олимањои љавон заминањои нави илмиро манзур менамояд.
Тањлили њамасолаи маќолањои илмї нишон медињад, ки олимањову занони ихтироъкори тољик бо истифода аз техника, технология ва воситаву абзори пешќадами тањќиќоти илмї пайваста барои такмил додани сатњу савияи дониш ва пажўњиши илмии худ кўшиш намуда, тамоми нерўи худро барои афзудани обрўву эътибори илми тољик, фарњанг ва маънавиёт, таблиѓи љањонбинии илмї, мубориза бо таассубу кўњнапарастї, ифротгароиву мафкураи иртиљої равона менамоянд.
Айни замон дар Академияи миллии илмњои Тољикистон аз њисоби занон 2 нафар академик, 24 нафар докторони илм, 398 нафар номзадони илм, 103 нафар докторантони PHD, 477 нафар магистрон ва 29 нафар номзадони илмњои даќиќ ба пажўњиши илмї машѓул мебошанд.
Боиси хурсандист, ки соли 2022 занони ихтироъкори тољик тавонистанд бо ихтирооти илмии худ дастовардњои илми тољикро дар сатњи байналмилалї муаррифї намуда, соњиби медалњои тилло ва биринљї гарданд. Дар ин давра дар симпозиуму конференсияњои илмї-тадќиќотии байналмилалї 5 нафар занони ихтироъкор ба гирифтани медалли тилло ва 2 нафар ба медали биринљї сазовор дониста шуданд.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон барои сањми арзанда дар рушди илми муосир ва муаррифии дастовардњои илми тољик дар сатњи байналмилалї як ќатор занону бонувони олима ва ихтироъкорро бо Ифтихорнома сарфароз гардонид.
Ин иќдом албатта, барои баланд бардоштани рўњияи олимони љавон мусоидат намуда, дар оянда низ бањри њавасмандкунии ин ќишри фаъоли љомеа чорабинињои зиёди илмї доир мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД