arzon replenishment
Занозании муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар Санкт-Петербург
335


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия байни муҳоҷирони тоҷик ва қирғиз ҷангу ҷанҷол сар зада, муноқишаи лафзӣ бо занозанӣ анҷом ёфтааст.

Муҳоҷирон дар ҷараёни ин задухурди гурӯҳӣ ҳамдигарро бо арматур ва дигар масолеҳи сохтмонӣ зада, хуншор кардаанд...

Ҳодиса рӯзи 3-юми июн дар майдончаи сохтмонии «Лахта-Центр” сар зада, байни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва қирғиз ҷанҷоли гурӯҳӣ ба вуқуъ пайвастааст. Муноқиша аз ошхонаи майдончаи сохтмонӣ сар шуда, баъдан муҳоҷирони меҳнатии тоҷику қирғиз довталабона ба кӯча баромада, ҳамдигарро лагадкӯб кардаанд ва бо арматуру санг ва кулоҳҳои сохтмонӣ задаанд.

Бар асари занозании гурӯҳӣ як муҳоҷири қирғиз ҷароҳат бардошта, полиси шаҳри Санкт-Петурбург 383 нафар муҳоҷирони тоҷику қирғизро боздошт намудааст. Полис 4 нафар муҳоҷирони қирғизро дар ташкил кардани ин муноқишаи гурӯҳӣ гумонбар медонад. Дар ин бора сомонаи ВЧК-ОГПУ дар Telegram ва сомонаи Вечерка. ТҶ хабар додааст.
Ёдрас мешавем, ки фармоишгар ва маблағгузори биноҳои сохтмонии «Лахта-Центр” ширкати «Газпромнефт- лоиҳаҳои Шарқию аврупоӣ” буда, дар он ҳазорон нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон кор мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД