arzon replenishment
Зану шавҳари бачакуш
5138

Аз даргузашти зани Амрулло бештар аз як сол гузашт. Амрулло се писару ду духтар дошт ва амакаш ҳамаи фарзандонашро ба ҳаёти мустақилона гусел намуда дар ҳавлии калонаш ҳамроҳи кенҷаписараш Саъдулло зиндагӣ мекард. Саъдулло ба тиҷорат машғул буд ва зану фарзандонаш намегузоштанд, ки мӯйсафед дасташро ба оби хунук занад. Хӯрок ва оби таҳоратро келин дар вақташ тайёр мекард. Дигар фарзандонаш низ ҳамроҳи зану фарзандон зуд-зуд омада аз аҳволаш хабар мегирифтанд ва падарро ба хонаҳояшон даъват менамуданд, вале бо вуҷуди ин ҳама ғамхориҳо Амрулло худро танҳо эҳсос мекард. Рӯзе мӯйсафед ҳама фарзандонашро наздаш даъват намуда арзи дил кард, ки барояш ҳамсари хубу отифае пайдо намоянд. Саъдулло аз деҳаи Шинг рафиқони хуб дошт, наздашон рафта дар ёфтани арӯси ба падараш муносиб мадад пурсид. Бо маслиҳати якдигар ба хонаи Собир барои духтараш Шафоат, ки бо сабаби бефарзандӣ аз шавҳараш ҷудо шуда буд, хостгорӣ рафтанд. Собир ба андеша рафт, аз як тараф духтараш аз Амрулло қариб 30 сол хурд, вале аз тарафи дигар ягон ҷавони ҳамсолаш дидаю дониста зани нозойро талабгор намешавад. Хеле фикр карда мӯйсафед ваъда дод, ки бо духтараш маслиҳат карда, баъд ба хостгорон ҷавобашро мегӯяд.

Бахти дуюм

Саъдуллою рафиқаш як ҳафта пас аз Собир розигӣ гирифта маъракаи хоксоронае ороста Шафоатро никоҳ намуда ба Амрулло доданд. Ҳамсари нави Амрулло дар синну сол ба келини дуюмаш баробар буд. Рӯзҳои аввал Шафоат худро дар оила бегона эҳсос карда, дар танҳоӣ ашк мерехт. Андеша мекард, ки агар соҳиби фарзанд мешуд, ҳеҷ гоҳ аз бахти аввалаш бенасибу ба ин рӯз гирифтор намегашт. Бо вуҷуди фарқияти калони синну солӣ, оҳиста-оҳиста арӯси ҷавон ба Амрулло одат намуд, эҳтиромаш менамуд, дар вақт-вақташ хӯрок ва оби таҳораташро омода мекард. Ин ҷавонзани нексиришт бо фарзандон, келинҳо ва набераҳои Амрулло низ муомилаю муносибати хуб дошт. Дар ҷавоби эҳтироми моиндари ҷавонашон ҷигарбандони мӯйсафед Шафоатро эҳтиром мекарданд ва худоро шукр мегуфтанд, ки падарашон дигар ба онҳо эҳтиёҷ надорад.

Нахли сабзи умед

Аз байн чанд моҳ гузашту Шафоат худро бемор эҳсос карда хӯрок хӯрда наметавонист. Дасту дилаш ба ягон кор пеш намерафт. Ҳамеша дар чашмонаш хоб буд. Ҳамсари Саъдулло ба шавҳараш маслиҳат дод, ки моиндарашро ба беморхона, ба назди табибони номдор бурда аз ташхис гузаронад. Ҳолати Шафоат ба занони ҳомила монанд буд, вале ҳама аҳли оила медонистанд, ки Шафоатро табибон безурриёт баровардаанду бо ҳамин сабаб шавҳари якумаш ҷавобашро додааст. Пас аз муоина духтур Саъдуллоро табрик карда гуфт, ки ҳамсараш ҳомиладор аст. «Шафоат ҳамсари падарам аст»,- фаҳмонд ҷавон. Шафоат аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, зеро интизор набуд, ки вай ҳам метавонад тифлеро ба дунё оварда номи модариро мушарраф мегардад. Шавҳари якумаш, ки «Ба ман зани нозой лозим нест» гӯён, талоқи ӯро дода, духтари хонаро ба занӣ гирифта буд, то ҳол фарзанд надошт, вале Худованд нахли умри Шафоатро аз мӯйсафеди Амрулло сабз гардонд. Амрулло ҳомиладории занашро шунида хурсанд шуд, зеро Шафоат барои фарзанд надоштанаш бисёр зиқ мешуду ашк мерехт.

Деви рашк

Аз хурсандии падараш ва Шафоат оташи рашки Саъдуллою занаш боло гирифт. Онҳо метарсиданд, ки рӯзе фарзанди моиндарашон соҳиби ин боғу роғ ва ҳавлии боҳашамату хонаҳо мегардад, он гоҳ онҳо ба куҷо мераванд. Бо ҳамин андеша Саъдуллою занаш барои нест кардани кӯдаки батни Шафоат маслиҳат намуданд. Зани Саъдулло, ки табиатан маккору ҷоҳил буд, аз шавҳараш хоҳиш кард, ки аз мағоза коко-кола харида биёрад ва худаш ба назди духтурзани шиносаш рафта, бар ивази 200 сомонӣ доруи несткунандаи ҳамл гирифта ба хона баргашт. Зану шавҳар доруро ба кола андохтанд. Ҳамин вақт Шафоат аз дар даромад ва чашмаш ба нӯшокии дӯстдоштааш афтиду табассумкунон гуфт:

-Саодат, келин, бо шавҳаратон танҳо-танҳо хӯрдан мегиреду хушдоманро даъват намекунед-а! Шумо зан ҳастед ва бояд донед, ки дар вақти ҳомиладорӣ ҳаваси зани дуҷон ба чизе равад, агар ҳамонро нахӯрад, чашми кӯдакаш кабуд мешавад. Келини маккора шишаи коларо ба вай дода гуфт:

-Марҳамат гиред! Ҳамааш аз шумо. Нӯши ҷонатон шавад.

Шафоат хурсанд шуда қариб як шиша коларо нӯшиду бегоҳ аҳволаш якбора бад гашта хунравӣ сар шуд. Ӯро ба беморхона бурда ташхис гузарониданд. Кӯдаки батнаш аллакай мурда, роҳи ягона тоза карда гирифтанаш буд.

Саъдуллою Саодат аз кори кардаашон дар таҳи дил хурсанд буданд, аммо зоҳиран худро ғамгин вонамуд карда, Шафоатро сарзаниш мекарданд, ки кӯдаки батнашро эҳтиёт накарда аз даст дод.

Нақшаи нави келини қотил

Аз байн як сол гузашту Шафоат аз Саодат шодиёна гирифт, ки боз ҳомила шудааст. Хушхабари аз забони Шафоат шунидаашон ба дили Саъдуллою Саодат чун корд халида боз бесаранҷом шуданд. Дар рӯяш маслиҳат медоданд, ки ҳар гуна чизҳои нофорам нахӯрад, бори вазнин набардорад, вале дар асл ин зану шавҳари беинсоф боз барои нест кардани кӯдаки батни Шафоат чора меҷустанд. Ҳарчанд баъзе доруҳоро истифода бурданд, натиҷа надод. Сахтҷон будани бачаи дуюми моиндарашро дида, Саъдулло чораи нав ёфт. Вай ба устои об пул дода, хоҳиш кард, ки водопроводро маҳкам кунад. Усто аввал розӣ нашуд, вале пас аз оне, ки саддоллараи шараққосиро Саъдулло ба кафаш ниҳод, бо аломати ризо сар ҷунбонд. Қубури об рӯзи дигар худ аз худ вайрон шуд. Акнун Шафоат маҷбур буд, ки аз роҳи дур бо сатил об кашад. Саодат чашми Шафоатро хато карда обҳои овардаашро ба замин мерехт. Шафоат дид, ки ниёзи аҳли оиларо бо сатил таъмин карда намешавад, бочкаи калонро гирифта оббиёрӣ рафт. Бардоштани бочкаи 20 литра корашро карда хун ба банди пои зани ҳомиладор шорид. Ин дафъа ба духтурхона нарасида кӯдак афтиду рӯзи дигар ба водопровод боз об омад. Аз миш-миши занҳои ҳамсоя Шафоат пай бурд, ки оби қубур барои чӣ якбора хушк шудааст. Ҷавонзани берӯзӣ дарк кард, ки агар бо Амрулло зиндагӣ кардан гирад, рӯзе Саъдуллою занаш аз рашк худашро чун ду тифлаш нобуд мекунанд, аз ҳамин хотир «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гӯён тамоми найрангҳои Саъдуллою Саодатро ба шавҳараш нақл карду талаб намуд, ки ба хубӣ ҷавобашро диҳад, вале Амрулло розӣ нашуда ӯро ба сабру тоқат кардан даъват намуд. Рӯзи дигар ҳодисае рӯй дод, ки ба рӯи китоби бахти дуюми ҷавонзани бетолеъ хати сиёҳи батлон кашид. Саъдулло бо як баҳонаи ночиз Шафоатро зери мушту лагад гирифта бо тамоми овоз дод зад:

-Ту лоиқи падари мо нестӣ! Ба хубӣ баромада нест шав, набошад туро бо ана ҳамин дастонам бӯғи карда мекушаму падарамро зан медиҳам! Зани пири ба худаш муносиб!

Амрулло дарк кард, ки агар ҷавоби Шафоатро надиҳад, писару келинаш ӯро зинда намегузоранд, ночор пичиррос зад:

-Аздусар дар ин хона рӯз намебинӣ. Ҷавобатро додам! Рав ва мардеро ёб, ки ба қадрат расад!

Саъдулло Шафоатро ба мошинаш шинонида, ба деҳаашон оварда монд.

Амрулло аз ҳамон рӯз инҷониб бо писару келинаш гап намезанад…

 Ҳоҷибой Маҳкамзода, омӯзгор, аз Панҷакент

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Лола 2019-05-27, 16:09
Бечора занхо....
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Лола 2019-05-27, 16:09
Бечора занхо....
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД