goodwell
Зарангез Латифзода ва Меҳрони Қурбон бо медали «35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
07.09.2026
Оила
28

Зарангез Латифзода ва Меҳрони Қурбон бо медали «35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар остонаи ҷашни истиқлол як зумра журналистон ва кормандони соҳаҳои маориф, илм, варзиш ва рушди иҷтимоии маҳал барои тарбияи насли наврас ва ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, тарғиби дастовардҳои даврони истиқлол, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардлонида шуданд. Аз ҷумла хабарнигорони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Радиои «FM Ховар» Зарангез Латифзода ва Меҳрони Қурбон барои саҳми арзанда дар рушди фарҳанги миллӣ, фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоиста бо медали «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ин радиф ҳамчунин ба як зумра кормандони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», медали «Хизмати шоиста», медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Мукофотҳои давлатиро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода дар вазъияти тантанавӣ супорид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД