sebiston july new
Зарина Бадалова: Зодрӯзи модарамро дар Наврӯз ҷашн мегирем
558


Заррина Бадалова яке ҳунарпешаҳо фаъолии театри “Ҷавонон” ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буда, бо ҳунару маҳорати баланди саҳнавиаш мухлисони сершумор пайдо кардааст.

Ин паричеҳраи панҷ панҷааш ҳунар дар баробари намоишномаҳои театрӣ ҳамчунин дар филм ва клипҳо низ нақш мебозад ва чунон серкор аст, ки ба қавли маъмул аз серкорӣ вақти сархорӣб намеёбад.

Зарринабону иди Наврӯзро чи гуна ҷашн мегирад?

Барои ба ин савол посух ётан мо бо худи актрисса ҳамсӯҳбат гаштем.

-Заринабону, Наврӯз муборак!

 

-Як ҷаҳон ташаккур! Ба шумо ҳам фасли зебои баҳор ва наврӯзи дилафрӯз муборак бошад. Бигзор ин иди пурфайзу баракат ба тамоми сокинони кишварамон танҳо хушбахтӣ ва пирӯзӣ оварад.

-Зарринахон,аксари шахсиятҳои машҳур иду ҷашнҳоро дар хориҷа мегузаронанд...

-Мақсадатонро фаҳмидам, вале Нарӯз ҷашни миллии мо аст, аз ҳамин хотир ман ҳар сол онро дар тоҷикистони худамон, бо ҳамкорону дӯстонам пешвоз мегирам. Ба тамошои шаҳри зебоӣ Душанбе мебароем, дар боғҳо сайру гашт мекунем, дастурхон меороем, хуллас, идро мисли дигарон ҷашн мегирам.

-Дар хона ҳам датурхони наврӯзӣ меороед ё рӯзҳои идро танҳо дар идгоҳҳо мегузаронед?

-Нарӯз барои ман бузургтарин ид аст, чунки зодрӯзи модарҷонам низ ба ҳаимн рӯзҳо рост меояд. Тавре ки мегӯянд,дар наврӯз дар хонадони мо ид болои ид аст ва ҳатман дастурхони зебои пурнозу неъмат ороста, ҳам зодрӯзи модар ва ҳам иди баҳорро пешвоз мегирем.

-Ба фикрам вақти суманакпазӣ надоред?

-Нарӯз бе суманак маънӣ надорад. Мо чанд рӯз пеш ҳамроҳи модарам суманак пухтем ва самбусаҳои алафию таомҳои дигари наврӯзиро низ омода кардем, то ки дастурхонамон пурнозу неъмат гардад ва тамоми сол ҳамин хел пурфайзу баракат бошад.

-Кори эҷодӣ аз кас нерӯи зиёде металабад. Хастагии худро баъди соатҳои дарози машқу тамрин чи гуна мебароред?

-Албатта кор душвориҳои худро дорад, вале ба ҳамааш сабр кардан лозим аст, зеро меваи сабр ширин аст. Хастагии маро асосан модар ва духтарам мебароранд. Баъзан чунон хаста мешавам, ки хаёл мекунам дигар пойҳоям мадори бардоштани маро надоранд, вале бо дидани онҳо хастагиамро фаромӯш мекунам. Азизонамон ба ҳама дардҳои мо давоянд. Шукри буданашон.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД