formula
Зарина Ибодзода: Хоҳишмандони донишҷӯёни хориҷӣ меафзояд
420

Дар Донишкадаи тиббӣ ва иҷтимоӣ 35 донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил мекунад, ки онҳо аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш ва Нигерия буда, нисбат ба соли гузашта 24 нафар зиёд мебошад.

Зарина Ибодзода, ректори Донишкадаи тиббӣ иҷтимоӣ дар ин маврид изҳори назар кард. Шумораи умумии донишҷӯён 1827 таҳсил мекунанд, ки аз он 773 духтар мебошанд. Дар ин замина қайд кардан ба маврид аст, ки як донишҷӯдухтар ятим таҳсил мекунад, ки пурра аз маблағи таҳсил озод карда шуда, бо хобгоҳи ройгон таъмин карда шудааст.

Моҳи сентябри соли 2022 Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ дар назди Донишгоҳи тиббӣ ва иҷтимоӣ кушода шуд, ки донишҷӯён дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии худро мегузаронанд. Ҳамчунин, дар ин марказ аз тарафи Ҳабибулло Ибодов профессор, доктори илми тиб аввалин маротиба амалиёти тарзи бартарафсозии дефарматсияи модарзодии даҳонмонанди қафаси сина гузаронида шуд.

Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоӣ 20 кафедра фаъолият мекунад, ки тоза кафедраҳои анатомияи паталогӣ, беҳдошт ва экология, кафедраи микробиология ва вирусология ва гистология давоми соли 2022 таъсис додаанд. Шумораи профессорону
Омӯзгорони донишкада 170 нафар буда, аз ин 33 нафарашон омӯзгорони ҷавон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД