sebiston july new
Зилзилашиноси тоҷик сабаби ларзиши зиёдро гуфт
764

Имрӯз Тоҷикистонро боз як заминларза такон дод. Ин чандумин бор аст, ки ларзиши замин дар моҳҳои охир эҳсос карда мешавад ва бештари онҳо шиддатнок буда, сокинонро борҳо аз хона ба берун бароварданд. Чаро чунин ҳолат якбора зиёд шуд?

Мо барои дарёфти шарҳи он бо сардори гуруҳи коркарди маълумотҳои сейсмологии Институти геология, сейсмология ва сохтмони ба заминларза тобовари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои геологӣ Ҷураев Раҳимҷон Усмонович тамос гирифтем.

Ин зилзилашиноси тоҷик зимни суҳбати телефонӣ қайд намуд, ки заминларзаҳои Тоҷикистон асосан дар минтақаи Рашт ва сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон рух медиҳанд. Ин дафъа ҳам маркази заминларза ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, ки соати 10:24 ба вақти Душанбе рух дода, шиддати он ба андозаи 4.1 балл буд. Маркази заминларза дар умқи 215 километр воқеъ будааст.

Дар умум шумораи заминларзаҳои кишвар аз солҳои пешин на он қадар зиёд шудааст, вале хотираи талхи Туркия ҳамаро тарсондааст. Заминларзаҳое, ки дар минтақаи мо рух медиҳанд, бо сабаби бо ҳам бархӯрдан ва таркишҳои плитаҳои тектоникии литосфера ба амал меоянд.

Заминларзае, ки кишварҳои Туркияву Сурияро такон дод ва харобиҳои зиёдеро дар пайи худ овард, мардумро дар ҳарос гузошт ва ҳар маротибае, ки ин ҳодисаи таббиӣ рух медиҳад, ҳамагӣ дар даводав мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД