formula
Зоирони аввалини тоҷик барои адои Ҳаҷ сафар карданд.
564

 

Субҳи имрӯз гурӯҳи нахустини зоирони тоҷик барои адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд.

Барои гусели ин гурӯҳи зоирон дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе Сулаймон Давлатзода, Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

_37

 

Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, Раиси Кумитаи дин дар суханрониаш таваҷҷуҳи зоиронро ба риояи ҳатмии муқаррароти ҷорӣ дар мавсими ҳаҷ ҷалб намуда, таъкид кардааст, ки ҳарчанд вазъи марбут ба бемории сироятии коронавирус нисбатан ба эътидол омада бошад ҳам, хатари ин беморӣ ҳанӯз вуҷуд дорад ва зарур аст, ки дар кишвари мизбон ба риояи ҳатмии тадбирҳои беҳдоштӣ ва чораҳои пешгирикунандаи ин беморӣ солимии худро ҳифз намоянд.

_36

 

Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар суханронии худ оғози дубораи сафарбарнамоии зоирон ба мавсими ҳаҷро рамзи нек хонда, ба ин муносибат зоирони тоҷикро табрику шодбош гуфт ва ба зоирони тоҷик туҳфаҳои рамзӣ тақдим намуд.

_35

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД