Нишонаҳои беморӣ ва роҳҳои табобати он
Тӯли ду-се ҳафтаи охир шумораи гирифторони зуком дар аксари мамолики пасошӯравӣ, аз ҷумла дар кишвари мо низ зиёд шудааст. Тибқи иттилоъи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ ду бемории сироятӣ - зукоми ҳонконгӣ ҳонконгӣ ва зукоми ҳонконгӣ хук ба мушоҳида мерасад, вале ҷойи нигаронӣ нест, зеро бемориҳои мазкур табобатшаванда мебошанд. Вале марзион бояд сари вақт ба табибон муроҷиат карда, доруву дармони фармудаи онҳоро бигиранд.
Дар шумораи гузашта мо дар бораи зукоми ҳонконгӣ маълумоти муфассал дода будем, имрӯз дар боби нишонаи ин беморӣ дар кӯдакон ва роҳҳои табобати он ба шумо маълумот медиҳем.
Кӯдакон бемориро душвортар мегузаронанд
Тавре ки табибони рус зимни суҳбат бо расонаҳо дар боби ин беморӣ гуфтаанд, зукоми ҳонконгӣ дар кӯдакон назар ба калонсолон шадидтар мегузарад. Сабабаш дар он аст, ки системаи иммунии ҷисми кӯдакон ҳанӯз бо штаммҳои гуногуни вирус дучор наомадааст.
Нишонаҳои беморӣ ба зукоми ҳонконгӣ дар калонсолон монандӣ дорад:
1. Кӯдак таб карда, ҳарорати баданаш то 39-40 дараҷа баланд мешавад;
2. Ҳангоми баландшавии ҳарорати бадан кӯдакро табларза гирифта, хунук мехӯрад;
3. Дар кӯдаки бемор ҳолати камқувватӣ ва заъфи бадан ба мушоҳида мерасад;
4. Кӯдаки ба зуком гирифторшуда аз дарди сар шикоят мекунад;
5. Ҳангоми сироятёбӣ аз зукоми ҳонконгӣ кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар аз халалдоршавии кори узвҳои ҳозима-меъдаю рӯда азият мекашанд ва метавонанд ба дарунрав гирифтор гарданд;
6. Табби баланд ва заҳролудшавии организм ҳангоми зукоми ҳонконгӣ боиси қайкунӣ низ гашта метавонад;
7. Бар асари сироятёбӣ аз ин беморӣ иштиҳои кӯдак баста мешавад ва ба хӯрок майл намекунад, аммо волидонро лозим аст, ки бо ҳар роҳе набошанд, ба кӯдак кам-кам ва тез-тез хӯрок хӯронанд, то ки ҷисми нозукаш ба муқобили беморӣ мубориза бурда тавонад.
Ба кӯдак бештар об нӯшонед!
Барои пешгирии беобшавии организм, ки барои кӯдакон ниҳоят хатарок мебошад, ҳангоми ин беморӣ ба кӯдаки мариз бештар об ва нӯшокиҳои гуногун нӯшондан лозим аст. Дар баробари оби ҷӯшонидашуда ба кӯдаки бемор маҳлулҳои махсус, аз ҷумла “Регидрон” додан шарт ва зарур мебошад. Об ва шарбатро кам-кам ва тез-тез бояд ба кӯдак нӯшонд.
Маълумоти муҳим!
Ҳангоми ин беморӣ волидон бояд ҳолати кӯдакро зери назорати ҷиддӣ бигиранд, зеро зукоми ҳонконгӣ хеле зуд рушд мекунад. Ҳолатҳое мешаванд, ки субҳ вазъи кӯдак зоҳиран хуб менамояд, вале дар байни чанд соат аҳволаш метавонад якбора вазнин шавад.
Диққат диҳед, агар нафаскашии фарзанди шумо душвор шуда, атрофи лабонаш кабуд шавад, дар баданаш доначаҳо дамида, тез-тез қайъ кунад, беҳолу бемадор гашта, авзоъаш беҷо ва перашон намояд ва ба суханони шумо эътибор надиҳад, фавран ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занед ё кӯдакро ба духтур баред, зеро инҳо метавонанд нишонаҳои хатарнок бошанд.
Табобати зукоми ҳонконгӣ дар кӯдакон
Агар кӯдак бемориро сабӯк гузаронад, дорую дармони фармудаи табибонро дар хона гирифтан мумкин аст, вале реҷаи бистариро ҳатман риоя карда, ба кӯдак бештар об нӯшондан лозим аст, то ки ҷисман тезтар ва вирус пок шавад.
Ҳолати кӯдак вазнин бояд, дар беморхона бистарӣ карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо волидон набояд аз бистарӣ намудани фарзанди худ дар бемористон даст кашанд.
Табибон ҳушдор медиҳанд!
Табибон ҳушдор медиҳанд, ки худтабобаткунӣ ҳангоми Зуком Ҳонконгӣ хатарнок аст, махсусан вақте ки кӯдак ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Аз ҳамин хотир, бо пайдо шудани нишонаҳои аввалини беморӣ ҳатман кӯдакро ба назди духтури кӯдакона бурдан лозим аст.
Бе иҷозати духтур антибиотик надиҳед!
Аксари падару модарон вақте кӯдакашон ба Зуком гирифтор мешавад, аз пеши худ ҳар хел антибиотикҳоро харида ба кӯдак медиҳанд. Аммо ин доруҳо дар мубориза бо беморӣ кӯмак намерасонанд, гузашта аз ин, вирусу бактерияҳои дар бадан буда, метавонанд ба доруҳо одат карда, дигар ба он ҷавоб надиҳанд. Дафъаи дигар вақте ки антибиотик дар ҳақиқат барои мубориза бо беморие зарур аст, он метавонад дигар таъсир накунад.
Духтур чиҳо тавсия карда метавонад?
Табибон дар чунин ҳолатҳо метавонанд ба кӯдакони мариз чунин дорувориҳоро тавсия намоянд:
1. Доруҳои пасткунандаи таб
Дар сурате ин доруҳоро ба кӯдак додан лозим аст, ки ҳарорати баданаш аз 38,5 дараҷа баланд шавад.
2. Доруи сулфа
Доруи сулфаро дар он ҳолат тавсия мекунанд, ки кӯдаки ба зуком гирифторшуда сулфа зада, гӯлӯяш хориш мекунад. Ин доруҳо бештар обакӣ ё маҳлул ҳастанд.
3. Витаминҳо барои тақвияти иммунитет
Витаминҳо ва цинк барои пурқувват намудани системаи муҳофизати организм, яъне иммунитет тавсия карда мешаванд, то ки ҷисми кӯдак бо вирус фаъолона мубориза барад.
4. Антибиотикҳо
Духтур танҳо дар он ҳолат антибиотик таъин мекунад, ки сирояти бактериявӣ ба монанди илтиҳоби шуш, пневмония, гайморит ва ё синусит ба вирус илова шавад.
Табобатро то охир расонед!
Новобаста ба он ки ҳолати кӯдак дар байни чанд рӯз хуб мешавад, шумо бояд доруҳои таъинкардаи духтурро то охир ба фарзандатон диҳет ва табобатро ба итмом расонед. Агар табобатро пеш аз мӯҳлат қатъ кунед, беморӣ метавонад дубора баргардад ва дар ин сурат ҷисми заифшуда аз ӯҳдаи мубориза бо вирус баромада наметавонад.