sebiston july new
Зулайхо Маҳмадшоева ба бизнес гузашт
951



Аксарият Зулайхо Маҳмадшоеваро то имрӯз ҳамчун сароянда мешинохтанд, аммо ин ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик домони боз як пешаи навро гирифтааст.

Қисми зиёди ситораҳои ҷаҳонӣ дар баробари пеш бурдани санъат, ҳамчунин бизнеси худро доранд, Зулайхо Маҳмадшоева низ ба тиҷорат даст зада, чанд рӯз қабл мағозаи шахсии худро боз намуд.

Маросими ифтитоҳи мағозаи Зулайхо Маҳмадшоева рӯзи 12 май, соати 18:00 бо иштироки ситораҳои шоу-бизнеси тоҷик-сарояндагон, ҳунармандони театру кино, блогерон ва дигар шахсиятҳои шинохта баргузор гашт.

Зулайхо Маҳмадшоева зимни сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи “Оила”дар бораи тиҷораташ чунин гуфт:
“Мағозаи ман ба куллӣ аз дигарон фарқ дорад, зеро молҳояш босифат буда, матоъҳо истеҳсоли кишварҳои Туркия, Дубай ва дигар мамолики пешрафтаи оламанд.”

Дар баробари молҳое, ки аз кишварҳои дигароварда шудаанд, Зулайхо ба мизоҷонаш “сюрприз” карда, матоеро пешниҳод менамояд, ки танҳо бо фармоиши шахсии ӯ омода шуда, онро аз ягон мағозаи дигар ёфта наметавонед. Ин матоъ ба таври дастӣ омода шудааст.
Ҳадафи ифтитоҳи мағоза ба гуфти худи Зулайхо Маҳмадшоева сарфа кардани вақти занони тоҷик мебошад.

Зулайхо мегӯяд, вай махсус молу маҳсулоти брендҳои машҳури ҷаҳонро ба кишварамон меорад, то занҳои тоҷик дар ҷустуҷӯяшон овора нашаванд.

Ин ҳоло охири кор нест, Зулайхо Маҳмадшоева талош дорад, ки то охири соли равон махсус бренди либосҳои худашро омода намояд, ки бо рамз ва исми Зулайхо вориди бозор мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД