Arzon march 2024
Зулфиқори Азиз 55-сола мешуд, агар…
3040

Зулфиқори Азиз, овозхони саршиноси тоҷик ва яке аз заминагузорони гурӯҳи шинохта ва замоне овозадори “Анис” имрӯз ба синни 55-солагӣ мерасид, агар сайёди бераҳми аҷал ин булбули хушовози боғи санъати тоҷикро дар баҳори гулфишони умраш шикор намекард...

Зулфиқори Азиз 1-марти соли 1967 ба дунё омада, ҳанӯз аз даврони ҷавони шефтаи санъати мусиқӣ буд. Соли 1986 дар олами мусиқии тоҷик гурӯҳи наве бо номи “Анис” арзи ҳастӣ кард, ки ба ҳайъати он панҷ бародар- Достони Азиз, роҳбари гурӯҳ, Қайсиддини Азиз, Вайсиддини Азиз, Абӯбакри Азиз ва Зулфиқори Азиз шмил буданд.

Зулфиқор он заомн ҳамагӣ 19-сол дошта бошад ҳам, бо садои мисли асал ширинаш ва дилнавозаш дар дили ҳазрон-ҳазор ошиқони савту наво маъво гирифта, маҳбубтарин овозхони ин гурӯҳ гашт. Бисёриҳо ансамбли “Анис”-ро бо шарофати Зулфиқори Азиз мешинохтанд ва номи “Анис” бо исми Зулфиқори Азиз тавъам буд.Он замон ҳанӯз диск вуҷуд надошт ва таронаҳои Зулфиқор дар коссетаҳо сабт шуда, харидорони зиёде доштанд. Кассетаҳои ин овозхони ҷавон, вале хеле машҳур даст ба даст мегаштанд. Яке аз сабабҳои маҳбубияти гурӯҳи «Анис» ва Зулфиқор дар он буд, ки аз эҷоди шоирони ширинкаломи тоҷик Лоиқ Шералӣ ва Меҳриниссо еҳтарин дурдонаҳоро интихоб мекарданд ва таронаҳояшон сар то по бори маънӣ мекашиданд, вале...
Оғози ҷанги дохилӣ ва куштору хунрезӣ дар сар то сари кишвар ба ҳаёти эҷодии “Анис” низ бе таъсир намонд.

Аҳди гурӯҳ ва Зулфиқор низ дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон тақрибан ягон барномаи консертӣ иҷро накарданд, вале баъди барқарор шудани сулҳу субот дар кишвар садои “анис” боз баландпарвоз гашт. Зулфиқори Азиз акнун дар барномаҳои консертӣ камтар овозхонӣ карда, бештар бо оҳангсозӣ машғул буд ва бари дигар овозхонони гурӯҳ оҳангҳои басо дилнишин эҷод мекард.

Аҳён-аҳён таронаҳое, ки ин ҳунарманди асил месуруд, ба зудӣ дар дили мардум маъво гирфта ба қавли ҷавонони муосир “ХИТ” мешуданд, аммо...
Умр ба ин ҷавонмарди панҷ панҷааш ҳунар вафо накарда, 6-уми майи соли 2010 бар асари сактаи қалб дар шаҳри Душанбе дунёи фониро падруд гуфт. Овозхони маъруф гӯиё наздик будани маргашро эҳсс намуда, дар яке аз охирин таронаҳояш бо дард месуруд:

Аҷиб аст, зиндагӣ ёрон,
Дар ин дунёи пурормон,
Даме, ки пур шавад, паймон,
Касе мурдан намехоҳад.
Агар аз аҳли қуръон аст,
Ва ё ки номусулмон аст,
Ва ё дарвешу султон аст,
Касе мурдан намехоҳад...
На як оқил, на майхора,
На дорову на бечора,
На маскуну на вора,
Касе мурдан намехоҳад.
Ба даргоҳи Худовандӣ
Касе рафтан намехоҳад.
Зи аҳли бандаи хоки,
Касе мурдан намехоҳад.
Ба нуру нор пайвастан,
Аз ин вайрона бигсастан
Чи ҷойи гуфта бигристан.
Касе мурдан намехоҳад...
Касе мурдан намехоҳад...
Оре, касе мурдан намехоҳад ва Зулфиқори Азиз низ мурдан намехост, вале аз марг ҷойи гурез нест ва сайёди аҷал дар айни парвози баланди эҷодӣ ин шоҳини хушболу парро ба нишон гирифта, тири пурсӯз ва ҷнгудозе бар дилаш зад. Сад ҳайфи одамӣ! Сад ҳайфи марде ба чунин бузургиву ҳунармандӣ!

Ёдат ба хайр бод, марди ҳунар, агарчи умр ба ту вафо накард, таронаҳои ҷовидонаат номатро ҳамеша зинда хоҳанд дошт.
Ҷоят ҷавоидона дар равзаи биҳишт бод!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД