arzon replenishment
Зулфия: Дод аз дасти шавҳари алкаш!
6473

 

Маро волидонам мисли дигар духтаракони деҳаамон ба ҷавоне ба шавҳар доданд, ки то рӯзи тӯй танҳо расмашро дида будам. Тарафи қудо «Писари мо на кал асту на кӯр, ҳафт пуштамон ҳамин хел оила бунёд кардаанду зиндагии осуда доранд», гӯён монеи во хӯрдани мо шуданд ва ман шавҳарамро танҳо рӯзи тӯй дар таги чодар дидам.

Домод мактабро базӯр то синфи 9 хонда, ҳамроҳи дигар ҳамдеҳагонаш ба Русия мардикорӣ рафта будаасту қариб даҳ сол дар мулки бегона гашта, уруси тапа тайёр шуда баргаштааст. Вай мисли русҳо ҳар рӯз арақ хӯрда, мани арӯсакро ончунон мезад, ки ниммурда мешудам. Хушдоману қайниҳоям базӯр маро аз чанголаш халос мекарданд. Шавҳарам маро ифлосаки қишлоқӣ номида, мудом ба либоспӯшиву гапзанӣ ва рафтору кирдорам эрод мегирифт. Ошкоро мегуфт, ки вай як тори духтарони урусро ба чунин аҷинаи бӯгин иваз намекунад. Зиндагиямро ба падару модарам нақл карда гиря кардам, ки чаро маро ба чунин дӯзах партофтанд. Аввалҳо волидонам ба шикоятҳоям чандон эрод намедоданд ва ҳар дафъаи қаҳр карда ба хонаамон рафтанам насиҳаткунон маро оварда дар хонаи шавҳарам гузошта мерафтанд. Аз ин амали пайвандонам Муродбек курта-курта гӯшт гирифта, масхаракунон маро паст зада мегуфт, ки ҳатто ба падару модари худам ҳам даркор нестам. Боре ҳамсояҳои хусуру хушдоманам волидонамро ҳангоми аз хонаи мо рафтанашон дар роҳ дида, дилсӯзона гуфтаанд, ки духтаратонро соҳиб шавед, вагарна аз дасти шавҳари алкашаш кадом рӯз маъюб шуда мемурад. Модарам аз ними роҳ гашта омаданду маро пешандоз карда ба хонаи худашон бурданд. Дигар бо чунин марди арақхӯру беимон зистан намехоҳам. Бигзор ба сад рафта бешавҳар аз дунё гузарам, вале маро кушанд ҳам, дигар ба он ғурбатхона бар намегардам!


Нурҷаҳон: Падарамро сари қаҳр бо бел задам...


 

Муродбек:
Занам бӯйи таппак мекунад
Ман аслан нияти ба Ватан баргаштану зан гирифтан надоштам. Волидонам ҳар рӯз гиряву нола карда ба Ватан баргаштану зан гирифтанамро тақозо карданд, танҳо ба хотири онҳо розӣ шудам, ки духтари ёфтаашонро ба занӣ гирам. Чандин сари сол дар Русия гашта, чунон одат кардам, ки вақте ба деҳаамон баргаштам, гумон кардам ба муҳити тамоман бегона афтидаам. Медонам, ки духтарони деҳот аз кори вазнину набудани шароит имкони ба худ аҳамият доданро надоранд, вале дар дурдасттарин деҳаи куҳистон низ духтаронеро вохӯрдан мумкин аст, ки аз духтарҳои шаҳрӣ монданӣ надоранд ва аз диданашон ҳаваси кас меояд. Падару модари ман бошанд, як чиркинакро келин кардаанд. Арӯси ёфтаашон аз рӯзи аввал ба ман писанд наомад. Занам духтари бадафту баднамуд, бар замми ин, чунон бадбӯй аст, ки ҳатто аз паҳлӯят гузарад, дилат беҳузур мешавад. Дар умраш дандонҳояшро намешӯяд, ҳар бори хандиданаш чашмам ба дандонҳои заб-зарди пур аз чиркаш афтида, оқам меояд. Либосҳояш мудом чиркин, мӯяш шона назада, хулоса аҷинаи таппа тайёр аст. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, бар замми бадафтиаш боз хабаркашу шаттоҳ аст, як гап занӣ, бидирросзанон дар ҷавоб даҳ гапи бемаънӣ мегӯяд. Барои он арақ менӯшидам, ки марди ҳушёр бо чунин зан ба ҷойгаҳ даромада наметавонад. Занам хоҳиши зиндагӣ кардан надошта бошад, ихтиёраш, ман ӯро ҳеҷ гоҳ маҷбур намекунам. Худам ҳам чандон хоҳиши бо ин қишлоқии бӯгин зиндагӣ кардан надорам.

Маслиҳати равоншинос:
Аксари ҷавононе, ки якдигарро надидаву нашнохта оила бунёд мекунанд, ба зудӣ хонавайрон мешаванд. Модоме, ки домод чунин табъи нозук доштааст, мебоист қабл аз тӯй як бор арӯсро аз наздик дида, баъдан ба таги чодар медаромад. «Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз» гуфтаанд, шояд зани шумо бо ягон ҷавони ҳамранги худаш издивоҷ намуда, зиндагии хуб ба сар мебурд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД