«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.
Вохӯрии ниҳоӣ бо рақобати ҷолиб сурат гирифта, голи аввалро футболбози «Хуҷанд» Анҷелкович дар дақиқаи 39-уми бозӣ ба самар расонид. Дар нимаи дуюм Эмануэл Гаруба дар дақиқаи 76-ум бартарии дастаи худро афзун кард. Ягона голи «Сардор»-ро Анушервон Ҷебов ба ҳадаф расонд.
Ҳамин тариқ, «Хуҷанд» бо пирӯзии 2:1 Ҷоми Тоҷикистон-2026-ро соҳиб шуда, ҳамчунин роҳхат ба Лигаи даъвати КФО дар мавсими 2027/28-ро ба даст овард.
Қобили зикр аст, ки «Хуҷанд» қаблан солҳои 1997/98, 2002, 2008, 2017 ва 2021 низ барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд. Акнун дастаи вилояти Суғд бо гирифтани ҷоми шашум ба таърихи футболи тоҷик боз як саҳифаи нав зам кард.