Имрӯз дар Душанбе ҳаракати нақлиёт дар чанд хиёбону кӯча маҳдуд мешавад
Имрӯз, 19-уми октябр, дар шаҳри Душанбе ҳаракати нақлиёт дар як қатор хиёбону кӯчаҳо муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз соати 09:00 то 11:00 ҳаракати мошинҳо дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Саъдии Шерозӣ, инчунин кӯчаҳои Соҳилӣ ва Носир Қарабоев баста мешавад.
Ҳамчунин, аз соати 14:00 то 20:00 ҳаракати нақлиёт тавассути хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаҳои Садриддин Айнӣ, Абдулаҳад Дониш ва М. Мастонгулов қатъ карда мешавад.
Раёсати ВКД аз ронандагон даъват кардааст, ки дар соатҳои зикршуда аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.
То кунун сабаби маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар ин хиёбону кӯчаҳо расман эълон нашудааст.