Профессор Мушаррафа Джӯраева даргузашт
Субҳи 19-уми октябр профессор Мушаррафа Ҷӯраева, устоди факултети рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар синни 61-солагӣ бар асари бемории саратон дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Маросими видоъ бо профессор Мушаррафа Ҷӯраева шоми имрӯз дар назди манзили зисташ, дар маҳаллаи Пойтахти 90, дар канори бонки «Алиф» баргузор мешавад. Вақти дақиқи баргузории маросим ҳанӯз маълум нест.
Мушаррафа Ҷӯраева 29-уми августи соли 1965 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯ соли 1987 факултети филологияи Донишгоҳи миллиро хатм карда, аз соли 1993 фаъолияти меҳнатии худро дар ҳамин донишгоҳ идома додааст.
Марҳум доктори илмҳои суханшиносӣ буд ва тақрибан 20 соли охири фаъолияти илмӣ ва омӯзгории худро ба таълими забони тоҷикӣ дар факултети рӯзноманигорӣ бахшидааст.
Даргузашти профессор Мушаррафа Ҷӯраева талафотест барои ҷомеаи илмӣ ва омӯзгории кишвар.