arzon replenishment
Саломатӣ ва хушбахтии шумо дар ҳар қатраи шарбати ангур
03.08.2021
Zebo
794

Саломатӣ ва хушбахтии шумо дар ҳар қатраи шарбати ангур

Пандемияи коронавирус (COVID-19) бори дигар собит намуд, ки тани сиҳат барои тамоми мардуми сайёра аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Мувофиқи нишондоди табибон на танҳо пиронсолон хатари бештари гирифторшавӣ ба COVID-19 доранд, балки намояндагони тамоми синну сол низ дар зери хатар қарор доранд.

Пандемияи коронавирус дар соҳаи тандурустии ҷаҳонӣ ба як озмоиши муҳим мубаддал гардид. Маълум шуд, ки нафарони носолим хатари бештари сироят ёбӣ доранду нафарони дорои иммунитети қавӣ хатари камтар. Аз ин рӯ, ба ғайр аз риоя кардани чораҳои пешгирикунанда, ба монанди пӯшидани ниқобҳои ҳатмӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, зуд-зуд шустани дастҳо, дезинфексияи ашёи умумӣ, дурӣ ҷустан аз ҷойҳои ҷамъиятӣ ва атрофиён, ғизои солим истеъмол намудан лозим аст.

Шумораи зиёди одамон дар ҷаҳон фаҳмиданд, ки пеш бурдани тарзи ҳаёти солим - даст кашидан аз тамоку ва машрубот, бо варзиш машғул шудан, истеъмоли ғизои солим ба ҳолати умумии иммунитет ва бар зидди инфексияҳо муқовимат карда тавонистани ҷисм таъсир мерасонад.

Ширкати "Оби Зулол" дар тӯли 20 соли фаъолият ҳамеша дар пайи дастовардҳои нав ба нав дилпурона кӯшиш ба харҷ дода, ғами истеъмолкунандагони худро мехӯрад ва маҳсулоти нави табиӣ ва солимро аз меваву сабзавоти Ватани офтобиямон-Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мекунад.

Ҷузъҳои асосии муваффақияти ширкат хатҳои муосири технологияи аврупоӣ ва риояи стандартҳои ҷаҳонии сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда бо нархи дастрас барои мардум мебошанд.

Дар тӯли фаъолияти худ ширкати “Оби Зулол” ҳамеша дар пайи навгониҳо буд ва ҳамеша мекӯшид, ки ба мардуми кишвар беҳтарин маҳсулотро, ки дар бозори ҷаҳонӣ ҳаст ва муҳимтар аз ҳама бо нархи дастрас пешкаш намояд.

Ширкат дар иншооти муосири худ ҳама намудҳои меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистонро дар хатҳои муосир коркард намуда, сифатҳои табиии онро нигоҳ дошта, ба маҳсулоти ниҳоии ғизои солим (афшураҳои табиӣ аз меваю сабзавот, смузи, ғизо барои кӯдакон, мураббо) коркард мекунад.

Дар баробари афшураҳои табиии навъи Premium дорои маззаҳои: зардолу, шафтолу, олу, нок, биҳӣ, каду, сабзӣ, гелос, себ, дар арафаи ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати “Оби Зулол” таъми нави афшураро дар бастаи Tetra Пак илова намуд:

Шарбати ангури табиӣ ва шаффофи "Нури Зулол"

Шарбати ангури "Нури Зулол" 100% табиӣ буда, шакар илова карда нашудааст- шириниаш аз ҳисоби полисахаридҳои табиӣ мебошад, дар таркибаш консервантҳо, рангҳо ва маззаҳо илова карда нашудаанд.

Дар истеҳсоли афшураи зерин ангури табии, ки дар Тоҷикистони офтобии мо бе нуриҳо парвариш карда мешаванд, истифода мешаванд.

Афшураи ангур сарчашмаи моддаҳои муфид аст, ки барои фаъолияти дурусти ҷисми мо заруранд. Дар он зиёда аз 150 моддаҳои биологии фаъол вуҷуд дорад! Нӯшокии мазкур аз ҷиҳати шумораи элементҳо ба оби минералӣ баробар аст. Дар таркиби он аминокислотаҳои муҳим ва ғайримуқаррарӣ, витаминҳо, микро ва макроэлементҳо, қанд ва нах вуҷуд дорад.

Афшураи ангур бо шарофати миқдори зиёди калий ва қанд доштанаш ба кас қувват мебахшад ва фаъолиятнокиро афзоиш медиҳад.

Қанди таркиби ангурро ҳазм кардан хеле осон аст, зеро дар асл, он фруктоза ва глюкоза аст, он инчунин як антиоксидантест, ки ба ҳамоҳангсозии равандҳои метаболикӣ дар ҷисми инсон мусоидат мекунад. Калий, ки дар таркиби ангур ва афшураи он вуҷуд дорад, барои онҳое, ки ба бемориҳои дилу раг гирифторанд, муфид буда, таъсири зиддивирусӣ ва зиддибактериявӣ дорад.

Афшураи ангур ба коркарди коллаген мусоидат мекунад, чандирии пӯстро афзоиш медиҳад, онро аз радикалҳои озод раҳо мекунад ва ҷараёни пиршавиро пешгирӣ мекунад. Бо такмил додани гардиши хун ва афзоиш додани шумораи ҳуҷайраҳои иммунокомпетентӣ, боиси беҳтар гардидани саломатӣ мегардад.

Дар тиб як намуди табобат вуҷуд дорад - Ампелотерапия.

Истилоҳи "Ампелотерапия" маънои табобат бо ангур ва афшураи ангурро дорад, ба ибораи дигар онро "табобати ангурӣ" меноманд.

Мисли ҳама табобатҳо, ин намуди табобат аз ҷониби духтур таъин карда мешавад ва дар якҷоягӣ бо климатотерапия истифода мешавад. Ҳатто дар замонҳои қадим, Гиппократ дар бораи ин усули табобат навиштааст. Имрӯз ампелотерапия на танҳо дар Миср, Ҳиндустон, балки дар кишварҳои ИДМ низ истифода мешавад. Дар осоишгоҳҳои Қафқоз, Қрим, Молдова, кишварҳои Осиёи Марказӣ саломатии худро тавассутии “табобати ангурӣ” беҳтар намуданро пешниҳод менамоянд.

Аз тамғаи “Нури Зулол” афшураҳои нав бинӯшед ва тамъи беназир ва фоидаи онро эҳсос кунед, масуният ва муқовимати баданатонро нисбати сироятҳо афзун кунед. Саломат ва хушбахт бошед!

 

Тамоми маҳсулотро бо тамғаи “Нури Зулол”, ки ширкати “Оби Зулол” зиёда аз 20 сол, барои шумо истеҳсол мекунад, дар рафҳои марказҳои савдо, таҳти шиори "МАҲСУЛОТИ МИЛЛӢ БО СИФАТИ ҶАҲОНӢ ВА НАРХИ ДАСТРАС" пайдо карда метавонед.

Ё ҳангоми хондани ин мақола шумо метавонед танаффус намуда, дар мағозаи интернетӣ аз ширкати “Оби Зулол” тавассути сомонаи shop.obizulol.tj дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд маҳсулот фармоиш диҳед, ки оварда расониданаш (доставка) барои шумо ройгон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД