Се навраси тоҷик аз Русия баргардонида шуданд
Се шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки дар Русия бидуни сарпараст монда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.
Тавре Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар додааст, ноболиғон рӯзи 24-уми октябр дар доираи созишномаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон оварда шудаанд.
Сабабҳои беназорат мондани ин наврасон дар қаламрави Русия ва муддати дар ин ҳолат қарор доштани онҳо маълум нест.
Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса то ҳол хабар дода нашудааст.