Oila 5 years
1 духтари тоҷик дар гӯштин 6 мардро мағлуб кард!
27.03.2022
ОИЛА
728

Як духтари тоҷик, ки бо гӯштини тарзи миллӣ машғул аст, дар мусобиқаи наврӯзии гӯштингирӣ бо 6 ҷавонмарди паҳлавон қуввазмоӣ намуда, ҳамаашонро мағлуб намудааст. Мадина зодаи ноҳияи Восеъ мебошад.

Ба шарафи ҷашни наврӯз дар шаҳри Бохтар мусобиқаи гӯштини милӣ баргур гашт. Ин чорабинии шавқовари варзишӣ бо ташаббуси яке аз соҳибкорони хеле маъруфи тоҷик, муассис ва роҳбари ширкати “Ресандаи Қурғонтеппа” Нусратулло Файзуллоев баргузор гашта, дар он садҳо паҳлавонони номдор аз гӯшаву канорҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва аз кишвари ҳамсояамон Ӯзбекистон иштирок доштанд.
Рақобати паҳлавонон барои соҳиб шудан ба се ҷизаи асосӣ-мошинҳои тамғаи Toyota Camry, Mercedes и ВАЗ-21015 хеле шадид гузашт.
Тавре ки Азия-плюс менависад, Шодмон Ризоев дар гӯштини миллӣ Исроил Раҳимовро мағлуб намуда, автомашинаи ВАЗ-21015 мукофт гирифтааст.
Набарди ду паҳлавони номдори тоҷик-Темур Раҳимов ва Дододҷон Қурбоналиев хеле дурудароз давом кард ва ҳакамони мусобиқа ба хулосае омаданд, ки аз рӯйи холҳои ба даст овардаи варзишгарон ғолибро муайян намоянд. Азбакси Қурбоналиев ба чанд хатогӣ роҳ дода буд, ҳакамон дар ин набард Раҳимовро ғолиб эълон карданд. Ҳамин тавр Темур Раҳимов ғолиби мусобиқа гашта, мукофоти асосӣ-мошини “Toyota Camry”-ро соҳиб шуд.
Мусобиқаи паҳлавонон Мансур Раҳмон ва Ҷаҳонгир Маҷидов бе натиҷа анҷом ёфт ва ташкилкунандаю сарпарасти ин чорабинии варзишӣ Нусратулло Файлзуллоев мошини “Mercedes”-ро, ки бояд насиби яке аз ин паҳлавонон мегашт, ба раёсати корҳои дохилӣ дар Вилояти Хатлон тақдим намуд.
Аз ҳама аҷибаш дар ин чорабинӣ гӯштингирӣ ва набарди духтарони паҳлавон бо писарон буд.
Мадина-паҳлавондухтар аз ноҳияи Восеъ бо 6 ҷавони паҳлавон гӯштин гирифта, ҳамаашонро мағлуб намуд. Нусратулло Файзуллоев аз ин корнамоии духтари тоҷик ба ваҷд омада ба ғайр аз мукофоти асосӣ, иловатан ба Мадина 5 ҳазор сомонӣ ва як гови ҷӯшоӣ мукофот дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД