arzon replenishment
10-фазилати рӯза доштан дар моҳи шарифи Рамазон
814

 

Фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба якояки шумо-ҳамдиёрони азизу гиромӣ муборакбод гуфта,дар бораи фазилатҳои ин моҳи шариф бароятон маълумот медиҳем.

1. Рӯза гирифтан фоидаҳои маънавӣ, ҷисмӣ ва иҷтимоии фаровоне дорад. Пеш аз ҳама рӯза инсонро ба сабр кардан одат медиҳад.

2. Бо рӯзадорӣ инсон дарси парҳезкориву тақводориро меомӯзад.

3. Рӯза доштан риояи низому тартибро ёд медиҳад, яъне рӯзадор дар як вақти муайян аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ карда, Худовандро ҳозиру нозир медонад.

4. Рӯза гирифтан меҳрубонӣ, дилсӯзӣ ва эҳсоси масъулиятро дар инсон ба вуҷуд меорад.

5. Дар моҳи шарифи Рамазон миёни мардум шарру фасод кам мешавад.

6. Рӯзадорӣ боиси покизагӣ ва тақвияти узвҳои ҳозима мегардад.

7. Тӯли рӯз гуруснаву ташна гаштан боиси обшавии равғани бадан мешавад.

8. Дуои рӯзадор мустаҷоб аст. Дар китоби «Нурул воъизин» омадааст, ки ҳазрати Мӯсо (а) бо Худованд роз мегуфт. Мӯсо (а) дар муноҷоти худ гуфт: «Илоҳо, Ту маро бо такаллум кардан бо худат иззат додӣ. Оё чунин иззатро ба дигарон ҳам додаӣ?»

Худованд ба Мӯсо (а) ваҳӣ кард:- Ё Мӯсо (а), дар охирузамон бандагони ман ҳастанд, ки онҳоро дар моҳи Рамазон иззати зиёд мекунам. Ман бо рӯзадорон аз ту дида зиёдтар наздикам, зеро вақте бо ту сухан мегӯям, миёни мо 70 ҳазор пардаҳои пур аст. Чун умматони Муҳаммад (с) рӯза мегиранд (аз гуруснагиву ташнагӣ) лабҳояшон хушк ва рангҳояшон зард шавад, ман ҳама ҳиҷоб (парда)-ҳои худро дар вақти ифтор боло мекунам.

9. Мувофиқи ҳадиси Расули Акрам (с) касе, ки ба рӯзадоре таом диҳад, монанди он рӯзадор савоб хоҳад гирифт.

10. Абӯубайда (р) мефармояд: -Ман аз Расули Худо (с) шунидам, ки «рӯза сипар аст». Ба воситаи сипар инсон дар вақти муқобила бо душман аз зарби ӯ эмин мемонад. Ҳамчунин, ба воситаи рӯза инсон аз бадии шайтонҳо ва оташи дӯзах эмин мемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД