Arzon march 2024
10-НЕЪМАТЕ,КИ ХУДОВАНД БАР ИВАЗИ РӮЗА МЕДИҲАД
03.05.2021
Оила
2788


Он дил, ки ҳаметарсад аз шуълаи оташ,
Валлоҳ ки ба ҷуз руза м-ар ӯро сипаре нест.
(Ҳ. Ғазнавӣ)

Мо дар остонаи оғози як моҳи мубораке қарор дорем, ки Худованди мутаъол ин моҳро дар Қуръони азимушшаъни худ сутуда, бузургии ин моҳро бароямон васф намудааст. Чуноне ки дар каломи ҷовидонаи худ мефармояд:

“Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар умматони пеш аз шумо фарз гардонида шуда буд, то шумо аз ин роҳ тақво намоед”. (Бақара-183)

Чаро рамазонро моҳи муборак мегӯянд?

Рамазонро ба он хотир моҳи муборак мегӯянд, ки тамоми китобҳои осмонӣ маҳз дар ҳамин моҳ пайдо шудаанд. Чунон, ки аз ривоёт бармеояд саҳифаҳои ҳазрати Иброҳим алайҳи салом дар таърихи якум ё сеюми рамазон ато шудаанд. Ба ҳазрати Довуд алайҳи салом дар таърихи даҳум ё дувоздаҳуми ин моҳи мубораки Забур эҳдо шудааст. Ба ҳазрати Мӯсо алайҳи салом дар таърихи шашуми ин моҳ Таврот эҳдо гашта буд. Ба ҳазрати Исо алайҳи салом рӯзи дувоздаҳум ё сенздаҳуми моҳи мубораки рамазон Инҷил ато шудааст. Қуръони Маҷид аз Лавхул Маҳфуз дар шаби қадри ин моҳи муаззам ба осмони дунё ва аз он ҷо ба паёмбари мо, ҳазрати Муҳаммад салаллоҳи алайҳи васаллам эҳдо гашта буд. Аз Абдуллоҳ ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят аст, ки Паёмбар (С.С) фармудаанд:

Агар умматони ман шарафи моҳи Рамазонро медонистанд, таманно мекарданд, ки тамоми сол рамазон бошад, зеро тоати он мақбул, дуои он мустаҷоб ва гуноҳон мағфур (бахшида шавад). (ривояти Абудовуд, Бухоро ва Муслим)

10- неъмати рамазон

Дар чандин ривоятҳо чунин омадааст, ки паёмбари ислом мегуфт: “Ҳар касе, ки садақаи фитрашро адо кард, Аллоҳ Таъоло ба он банда даҳ чиз ато менамояд.

Аввал: ҷасади он бандаро пок мегардонад.
Дуввум: ӯро аз оташи дӯзах озод мегардонад.
Сеюм: рӯзаашро қабул менамояд.
Чорум: биҳиштро бар он банда воҷиб мегардонад.
Панҷум: он банда аз гӯр эмин бармехезад.
Шашум: дар он сол ҳар чизе, ки хайр кунад, мақбул мешавад. Ҳафтум: Аллоҳ шафоатро дар ҳаққи он банда воҷиб мегардонад.
Ҳаштум: ӯро аз пули Сирот чун барқ мегузаронад.
Нуҳум: тарозуи аъмоли неки ӯро вазнин месозад.
Даҳум: номи он бандаро аз девон (дафтар)-и бадбахтон (дӯзахиён) маҳв мегардонад.
Нахӯрдану нанӯшидан рӯзадорӣ нест, агар...
Рӯза доштан танҳо тарки хӯрдану нӯшидан ва дигар хостаҳои нафсонӣ набуда, одами рӯзадор бояд аз тамоми амалҳои зишт ба мисли ғайбат, дилозорӣ, дашному ҳақорат ва суханчинию дурӯғгӯӣ парҳез намояд. “Касе, ки дурӯғ гуфтан ва амал кардан ба дурӯғро тарк нагӯяд, барои Худованди Мутаол ҳоҷат нест, ки чунин шахсе хӯрду нӯши худро тарк намояд” (ривояти Имом Бухорӣ).

Дар ҷойи дигар аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва салам фармудаанд: “ Рӯза танҳо нахӯрдану нанӯшидан нест, балки худдорӣ аз лағву беҳудагӣ, бадрафторӣ ва носазогӯӣ низ шомил мебошад. Мабодо касе туро дар вақти рӯза дашном диҳад ва ё ё бар ту ҷаҳл намояд бигӯ: «Ман рӯзадорам» (ривояти ибни Ҳиббон).

Паёмбари ислом ҳамеша таъкид мекарданд: “Аз Худованде, ки парвардигоратон аст, битарсед, 5 вақт намозатонро бигзоред, моҳи Рамазонатонро рӯза доред. Закоти молҳоятонро адо созед ва сарваронатонро итоат намоед, он гоҳ дохили биҳишт мешавед.

Дуо кунед, ки...

Чун дар арафаи истиқболи моҳи муборак қарор дорем, аз Худованди Маннон талаб мекунем, ки моро рӯза доштан ба наҳве, ки мақбул асту сутуда, насиб бигардонад. Бароямон қувват ато намуда, бурдборию таҳаммулпазириро насиб гардонад ва тоати пурнуқсонамонро ба даргоҳи бениёзаш қабул фармуда, растакориро насибамон гардонад.

Рамазон бар якояки шумо муборак бод!

Рамазон омаду оҳиста садо кард моро,
Мустаидди сафори шаҳри Худо кард моро.
Аз гулистони карам турфа насиме бивазид,
Ки сару пой нур аз атру сафо кард моро.
Ҳар сари мӯям агар шукр кунад то ба абад.
Кам бувад з-ин ҳама файзе, ки ато кард моро.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ

устоди ДИТ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД