Gazprom july 2025
10 қоидаи зебоӣ
24.08.2025
Oila.tj
90

Агар шумо барои зебоӣ маблағи зиёд сарф кардан нахоҳед, мо ба шумо кумак мерасонем. 10 маслиҳат дар боби зебоӣ вақту маблағи шуморо сарфа мекунад.

Маслиҳати 1

Намакоб варами рӯйро бартараф ва пӯсти рӯйро ботароват месозад. Намакро дар об ҳал кунонида (намакоб бояд шӯр бошад), дар он сачоқчаи тунукеро тар карда, муддати 10 дақиқа дар пӯсти рӯй нигоҳ доред.

Маслиҳати 2

Агар лабони худро ғафстару ҷаззобтар кардан мехоста бошед, аз равған барои лаб ва чӯткаи дандоншӯӣ истифода баред. Ба лаби худ равғани дилхоҳи косметикӣ (бодом ё балзами одӣ барои лаб) молида, баъдан бо истифода аз чӯткаи дандоншӯӣ муддати як дақиқа маҳс кунед.

Маслиҳати 3

Агар пӯстатонро тозаву нарм кунонидан мехоста бошед, аз равғани зайтун истифода баред: сараввал рӯятонро дар буғоб нигоҳ дошта, баъдан муддати 7 дақиқа равғани зайтунро ба пӯсти рӯй молед. Барои самараи беҳтар амалиётро баъди ҳар 4-5 рӯз такрор намоед.

Маслиҳати 4

Агар аз нараки пӯст халос шудан хоҳед, ба болои нарак каме асали тоза молида, 15 дақиқа истед. Сипас рӯятонро бо об шӯед. Акнун метавонед, ба рӯятон косметика молед, нараки шумо майдатару сурхияш рафъ мегардад.

Маслиҳати 5

Боз як воситаи аз наракҳо халос шудан: докачаеро ба қатрадоруи чашм (глазные капли), ки барои сурхии чашм тавсия дода шудааст, тар карда, муддати 3-5 дақиқа онро дар яхкунаки яхдон нигоҳ доред. Сипас докачаро ба ҷои наракдоштаи рӯй гузоред.

Маслиҳати 6

Агар макияжи рӯятонро тоза кардан мехоста бошед, метавонед маҳлули пӯсттозакуниро худатон омода намоед. Ба шишача оби тоза ва равғани зайтунро ба таносуби 3:1 илова кунед. Қабл аз истифодабарӣ шишчаро такон диҳед, то ки обу равған омехта гардад. Акнун метавонед пӯсти рӯятонро бо ҳамин маҳлул аз рангу бор тоза кунед.

Маслиҳати 7

Скраби хонагӣ омода кардан хоҳед, мутаваҷҷеҳ бошед: 1 қошуқча содаи хӯрокаро бо ярмаи ҷави русӣ (молотая овсянка) омезиш дода, маҳлули омодашударо ба пӯсти рӯй молида, 5 дақиқа нигоҳ дореду баъдан рӯятонро бо оби гарм шӯед.

Маслиҳати 8

Агар таги чашмонатон сиёҳ мешуда бошанд, ба як стакон оби ҷӯш 1 қошуқча сода андохта, нағзакак аралаш кунед. Баъдан докачаро (ватный диск) дар оби содадор тар карда, ба пӯсти мавзеи чашм гузоред. Баъди 10-15 дақиқа рӯятонро шуста, малҳами нармкунанда молед.

Маслиҳати 9

Ниқоби аз банан омодашуда мӯятонро ғафсу пурҷило мегардонад. Барои омода намудани ниқоби мазкур як банан, як дона тухм, як қошуқ асал ва 1/2 стакон пивои сурхро омехта намоед. Маҳлули омодашударо ба мӯятон молида, баъди ду соат шӯед. Ниқобро ҳафтае як маротиба истифода бурдан мумкин аст.

Маслиҳати 10

Равғани лаванда ва кокос миҷгонро дароз мекунад. 1/2 қошуқча равғани кокосро бо 2–4 қатра равғани эфир омезиш дода, бо кумаки дока ё чӯбча онро аз реша миҷгонҳо молед. Дар як ҳафта як маротиба молидани чунин равған миҷгонро дарозтар ва мустаҳкам месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД