Парвандаи пурсару садои як сокини ноҳияи Айнӣ, ки ба хотири қасоси бахти шикастаи духтарашро ситонидан қудояшро кордборон карда кушт, баъди баррасии ҳамаҷониба ба суд ирсол гашта, бо ҳукми додгоҳ ин марди қудокуш ба мӯҳлати 10 -сол равонаи зиндон гашт.
Аюб Якибов сокини ниҳояи Айнии Вилояти Суғд буда, қудояш Розия Холоваро, ки ҳамзамон хешу табораш низ будааст, ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонида буд.
Меҳваршо Холов, писари Розия Холова соли 2018 бо Шоистаи Аюб, духтари Аюб Якибов оиладор мешавад, вале хислату хӯйи ҷавонон созгор наомада, дар зиндагӣ ҳеҷ бо ҳам забон ёфта наметавонанд. Ҳамин тавр пас аз ду сол бо сабаби ҳамдигарнофаҳмӣ ва ҷанҷолу муноқишаҳои оилавӣ Меҳваршо ва Шоиста аз ҳам ҷудо шуда, оилаи ҷавон вайрон мешавад.
Аз ҳамон вақт падари арӯси сиёҳбахт нисбати хонаводаи домод дар дил кина гирифта, барои қасос ситондан пайти муносиб меҷустааст. Субҳи 14-июн Аюб Якибов ба хонаи Розия Холова меояд ва бо корди хоҷагӣ ба қудояш ҳамла карда ба қисмати шикам, дил ва тахтапушти зан пай дар пай чанд корд мезанаду аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Розия Холова бар асари ҷароҳатҳои зиёди бардоштааш даир роҳ ба сӯйи беморхонаи Зарафшон-1 ба аҳлокат расид ва кормнадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Аюб Якибовро бо гумони куштор дастгир намуданд. Парвандаи марди қудокуш ба баъди санҷиши пурра ба суд ирсол карда шуд ва муҷрим барои куштори ваҳшиёнаи Розия Холова ҷазои сазовор гирифт.
Тавре ки Прокуратураи Генералии Тоҷикистон дар сомонааш хабар додааст, бо ҳукми суди ноҳияи Айнӣ аз 2-юми августи соли 2022, Аюб Якибов дар содир намудани ҷинояти куштор бо қисми 1-и моддаи 104-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба 10 соли зиндон маҳкум карда шуд.