sebiston july new
20 -СУХАНИ СЕҲРНОКЕ, КИ ДИЛИ ДУХТАРРО ГАРМ МЕКУНАД
6390


20 хушгӯии зебо ва оригиналиро пешкаши ҷавонони ошиқ мегардонем, ки шуниданашон дили духтаронро обу адо месозад.
«Шумо чунон зебо ҳастед, ки ба куҷо рафтану чӣ кор карданамро бо диданатон фаромӯш кардам».

«Накҳати кокулонат маро девона месозад, ба худо!»
«Ту медонӣ, ки чӣ қадар хандаи ҷаззоб дорӣ? Табассуми ту пур аз нур аст. Танҳо нафарони хушбахт чунин табассум мекунанд».
«Духтарак, ман тамоми роҳ аз тамошоятон сер нашудам. Шуморо дидаму дунёро фаромӯш кардам».
«Ҳатто баргҳои гули садбарг бо нафосати пӯсти ту баробар намешаванд».
«Аз афташ Худованд имрӯз фариштаеро ба замин фиристодааст».
«Дирӯз атри дӯстдоштаатро харида дар хонаам пошидам, то фазои манзилам бӯйи туро дошта бошад».
«Ман шуморо қаблан дида будам, ба гумонам дар хобам».
«Хушбахтӣ? Ин ту ҳастӣ!»
«Туро он гунае, ки ҳастӣ, дӯст медорам».
«Агар Худованд маро духтар меофарид, мисли ту будан мехостам».
«Кадом аждаҳоро нобуд созам, то ки сазовори чунин шоҳбону шавам?»
«Чеҳраи офтобияшро дӯст медорам: табассуму доғи кунҷитакатро».
«Бахшиш, наздатон истоданам душвор аст. Ин зебоӣ чашмамро хира месозад!»
«Боварӣ дорам, ту зани хуб мешавӣ».
«Туро чашми дидан надорам барои дӯст доштанам».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД