Commerc banl
22,7 дарсади занон аз хушунати ҷисмонӣ ҳангоми таваллуд хабар додаанд
71

Тибқи гузориши нави Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) дар Тоҷикистон 31,8 дарсади занон аз озори лафзӣ ва 22,7 дарсад аз хушунати ҷисмонӣ дидан ҳангоми таваллуд хабар додаанд.

Ба гуфти муаллифони гузориш, дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ аз ҳар даҳ зани мавриди пурсиш қарор гирифта 7 нафар иқрор шудаанд, ки ҳангоми таваллуд ба ин ё он навъи бадрафторӣ дучор мешаванд.

Пажӯҳиши мазкур бар асоси як назарсанҷии интернетии аз ҷониби UNFPA ва шарикон, аз ҷумла Маркази шарикии Молдова барои рушд дар 16 кишвар байни беш аз 2600 нафар занон гузаронидашуда таҳия шудааст. 67 дарсади занон гузориш додаанд, ки ҳадди ақал бо як шакли бадрафторӣ ҳангоми таваллуд ё муоинаи тиббӣ рӯ ба рӯ гаштаанд.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилоти зӯроварии акушерӣ нисбат ба кишварҳои аврупоӣ камтар баррасӣ мешавад. Тибқи пажӯҳиш, шумораи бештари заноне, ки истилоҳи "зӯроварии акушерӣ"-ро нашунидаанд ва ё бехабар буданд, дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон сабт шудаанд. Гуфта мешавад, ки дар кишварҳои номбурда тақрибан аз се ду ҳиссаи пурсидашудагон аз ин падида аслан хабар надоранд.

Дар кишварҳои минтақа сатҳи қонуншиканиҳо низ гуногун аст, масалан, дар Албания, Молдова, Сербия, Тоҷикистон ва Косово занҳо бештар дар бораи табъиз, зӯроварии шифоҳӣ, ҷисмонӣ ва мушкилот дар системаи тандурустӣ хабар додаанд.

UNFPA аз шарикон, ҳукуматҳои кишварҳо ва ҷомеаи тандурустии минтақа даъват ба амал овардааст, ки барои аз байн бурдани зӯроварии акушерӣ чораҳои ҳамаҷониба андешанд. Қабули қонунҳои дахлдор, такмили омодагии касбии кормандони тиб, огоҳонидани занон дар бораи ҳуқуқҳои онҳо, эҷоди механизми масъулиятшиносӣ ва гузаронидани маъракаҳои иттилоотии оммавӣ аз қадамҳои асосие мебошанд, ки ба ҳалли ин масъала мусоидат карда метавонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД