25 соли пурнадомат (ҚИСМИ 7)
1020

Худамро ба даст гирифта, дарҳол ба беморхона рафтам. Дар дастонам рӯймолча, 25 дона ангуштарин ва мактуби навиштаи шавҳарам буд. Чихел то беморхона рафтам, намедонам. Рангу рӯйи писарам заъфарон, чеҳрааш маъюс, дар як кунҷи беморхона гиря карда менишаст.

Дигар ба пойҳоям мадор намонд. Худамро базӯр кашола карда то назди писарам расондам.

- Модарҷон, табибон гуфтанд омодагиатонро бинед,- гуфту ҳунггосзанон гирист.

Дасту поям латта барин шуд. Ҳамон вақт духтур маро даъват карда гуфт, ки шавҳарам маро мепурсад. Осемасар назди шавҳарам даромадам. Чун ҳарвақта як табассуме кард. Ба даҳонаш ҳавои сунъӣ гузошта буданд. Хир-хир базӯр нафас мегирифт. Ман рост рафтаму дастонашро гирифта бӯсидам. Мегиристаму мегиристам. Аз ӯ барои 25 сол қаҳрӣ шуда ҳаёти ширинашро талх карданам бахшиш мепурсидам. Розиву ризоият мепурсидам. Шавҳарам чизе нагуфт, ба дастонам нигарист. Рӯймолчаро диду хурсанд шуд. Аз чашмонаш ашк шориду оҳи чуқур кашид. Ва лаҳзае пас сараш оҳиста ҳамел шуд.

Фиғонам ба фалак печид. Зор -зор гиристаму аз ҳуш рафтам. Дигар чӣ шуд чӣ не намедонам.

Ҳамин тавр, 25 сол бо шавҳарам қаҳрӣ дар як бом зиндагӣ кардаам, ки аз ин касе хабар надошт. Ин 25 сол ҳоло бароям 25 соли пурнадомат, 25 соли таассуф ва 25 соли бадбахтӣ аст.

Ман чаро инро ба шумо нақл кардам? Барои он ки дар зиндагӣ ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Тез хулоса набароред. Ба ҳеҷ чиз ба ҳеҷ кас агар нисбати шавҳаратон гӯяд, бовар накунед...

Нодира аз саргузашти талхи Сайрамхола мутаассир шуда, талх гирист.

- Раҳмат холаҷон. Барои роҳ нишон додан. Ман ҳам 10 рӯз аст, ки бо шавҳарам қаҳриям. Ҳозир зуд мераваму дастонашро бӯсида, ба чашмонам мемолам. Ваъда медиҳам, ки дигар бо шавҳарам қаҳрӣ намешам.

Нодира ин суханонро гуфту бо Сайраму модараш хайрухуш кард. Ҳарчанд модар "каме нишин, чой хӯрда рав" мегуфт, вале Нодира осемасар баромада рафт. То омадани шавҳар ҳама корҳояшро тамом карда, барои шавҳараш беҳтарин хӯрокҳои дӯстдоштаашро омода кард. Шавҳараш ҳам омад. Вай аз ин фазои зебо хушҳол буд. Шавҳари Нодира ҳам барои ёфтани дили завҷааш ангуштарин гирифта будааст. Ӯ ангуштаринро гирифта ба Нодира дод. Нодира бе он ки дохили ангуштаринро бинад, ба дасташ кард. Худ ба худ механдид...

Ҳамин лаҳзаҳо онҳо хушбахттарин инсонҳои рӯйи замин буданд. Онҳо ба ҳамдигар қавл доданд, ки дар ягон ҳолат, ҳеҷ гоҳ бо ҳамдигар қаҳрӣ намешаванд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД