Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ҳисси ботинӣ ва қобилияти дурандешии шумо қавитар мешавад. Дар муносибатҳо эҳсосоти худро саросема нишон надиҳед ва пеш аз ҳар қадам хуб андеша кунед. Барои оила вақт ҷудо намуда, кӯшиш кунед дар хона фазои орому дӯстона ба вуҷуд оред. Ҳангоми баҳс сабру таҳаммул ва гузашт кардан ба шумо кумак мекунад. Дар кору молия имкониятҳои нав пайдо мешаванд. Аз оғози корҳои нав натарсед. Ҳамчунин, агар бо шахсе қаҳрӣ бошед, имрӯз барои оштӣ қадами аввал гузоштан мумкин аст.
Савр (21 апрел-21 май)
Дар ҳаёти шахсии саврҳо дар рӯзҳои наздик тағйироти хуб эҳтимол дорад. Масъулиятшиносӣ нисбат ба худ ва наздикон ба пешрафтатон мусоидат мекунад. Шояд ба хотири пешбурди кор аз хона дур бошед ва ин ҳолат боиси норозигии аҳли оила гардад. Беҳтараш баҳс накунед ва роҳи мувофиқеро пайдо намоед. Дар кор вазифаи ғайриоддӣ мегиред, ки эҷодкориро талаб мекунад. Эҳтимол маблағи ғайричашмдошт ба дастатон расад. Бегоҳ барои рафъи хастагӣ ба пойҳоятон истироҳат диҳед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз беҳтараш дар баъзе масъалаҳо ташаббусро ба шарики худ вогузор кунед ва ба ӯ эътимод намоед. Ин рӯз барои мустаҳкам кардани муносибат бо наздикон мусоид аст, бинобар ин барои суҳбат ва ғамхорӣ вақт ҷудо кунед. Нақшаҳои муҳимро ба ҳама нақл накунед, зеро эҳтимол касе нақшаи шуморо пеш аз шумо истифода барад. Вазъи молиявӣ ором аст, вале барои амалӣ кардани орзуи калон каме сарфа кардан лозим мешавад. Дар ғизо эҳтиёткор бошед ва маҳсулоти тару тоза интихоб кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар худро дар муносибатҳо табиӣ ва самимӣ нишон диҳед, эҳтимол бо шахси хуб муносибати ҷиддӣ оғоз кунед. Бо вуҷуди ин, баъзе суханҳои нохуши атрофиён метавонанд табъатонро вайрон кунанд. Кӯшиш кунед онҳоро ба дил нагиред. Дар ҷои кор рақибе доред, ки барои мансаби баландтар талош мекунад, бинобар ин имкониятҳоро аз даст надиҳед. Дар ояндаи наздик эҳтимоли даромади хуб вуҷуд дорад, аммо маблағро оқилона истифода баред ва ба корҳои ношинос сармоя нагузоред.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз шояд ба баъзе васвасаҳо дода шавед, аммо пеш аз қабули қарор оқибатҳои онро хуб андеша кунед. Агар шахси наздик шуморо танқид кунад, фавран наранҷед, эҳтимол дар суханонаш ҳақиқат бошад ва барои беҳтар кардани баъзе рафторҳоятон кумак кунад. Дар кор мушкилиҳои хурд пайдо мешаванд, вале маслиҳати одамони таҷрибадор метавонад онҳоро ҳал кунад. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва хариди нолозимро ба таъхир гузоред. Ғизои серравған ва фастфудро кам кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз эҳтимоли гирифтани хабари хуш зиёд аст ва рӯҳияи шумо тадриҷан беҳтар мешавад. Эҳсосоти худро пинҳон накунед ва ба дигарон меҳрубонӣ ва саховатмандӣ нишон диҳед. Дар кор вазъият хуб пеш меравад ва ҳатто имзои шартномаи фоидаовар мумкин аст. Барои ҳалли масъалаҳои молиявӣ низ рӯзи муносиб аст, бинобар ин имкониятҳои муҳимро аз даст надиҳед. Аммо ҳангоми қабули қарор танҳо ба ҳисси ботинӣ такя накунед. Бегоҳ нақшаҳои корҳои минбаъдаро тартиб диҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Агар дар муносибатҳои шахсӣ ҳама чиз мувофиқи хоҳишатон пеш наравад, худро ба ташвиш наандозед. Ҳанӯз вақт ҳаст, ки муносибатҳоро равшан карда, ҳамдигарро беҳтар фаҳмед. Имрӯз барои вохӯриҳо, чорабиниҳои ҷамъиятӣ, варзиш ва истироҳат дар ҳавои кушод рӯзи хуб аст. Эҳтимол як мушкили рӯзмарраро низ ба осонӣ ҳал кунед. Аммо барои гирифтани чизе аз роҳбар ҳоло муроҷиат накардан беҳтар аст. Ба саломатӣ диққат диҳед, фишори хунро назорат кунед ва ғизои камнамак истеъмол намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз барои шиносоии нав ва беҳтар кардани муносибатҳо рӯзи муносиб аст. Бисёр корҳо метавонанд назар ба интизориатон осонтар пеш раванд. Бо вуҷуди ин, асабоният метавонад шуморо водор созад, ки ба дигарон суханҳои сахт гӯед. Аз суханҳои тунду шӯхиҳои нешдор худдорӣ кунед. Дар кор бо кӯшиши зиёд метавонед ба натиҷаҳои хуб расед ва обрӯятонро баланд бардоред. Барои тиҷорат, шартномаҳои нав ва баъзе корҳои молиявӣ низ имкониятҳои хуб ҳастанд. Аммо худро аз ҳад зиёд хаста накунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз шояд бе ягон сабаби ҷиддӣ худро танҳо ё каме дилгир ҳис кунед. Ба ин ҳолат дода нашавед ва барои тағйироти нав омода бошед. Барои оиладорҳо муҳим аст, ки масъалаҳои молиявӣ ва рӯзгорро нодида нагиранд, зеро танҳо бо эҳсосоти хуб зиндагиро пеш бурдан душвор аст. Дар кор метавонед диққати роҳбарро ба худ ҷалб кунед ва ташаббус нишон диҳед. Барои даромади иловагӣ роҳҳои нав ҷӯед, аммо ба сармоягузориҳои хатарнок ва асъори рақамӣ шитоб накунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз эҳсосоти ошиқона ва меҳру муҳаббататон бештар мешавад. Аз нишон додани эҳсосот ба шахси дӯстдошта натарсед ва бо ӯ орзуҳои худро дар миён гузоред. Ҳангоми қарорҳои муҳим, ки ба моликияти умумӣ, пул ё масъалаҳои хонаводагӣ дахл доранд, фикри аҳли оиларо низ ба назар гиред. Корҳои дермондаро имрӯз ба анҷом расондан мумкин аст ва шиносони кӯҳна метавонанд ба шумо ёрӣ расонанд. Дар нимаи аввали рӯз масъалаҳои душворро осонтар ҳал мекунед. Аз хастагии зиёд худдорӣ намоед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Агар гумон кунед, ки шахси наздик аз шумо чизеро пинҳон мекунад, саросема хулоса набароред. Вақт ҳама чизро равшан мекунад. Дар давоми рӯз эҳтимоли гирифтани хабари хуш ё вохӯрии деринтизор вуҷуд дорад. Кӯшиш кунед ба шахси дӯстдошта бе сабаб эрод нагиред. Агар нақшаи сафар ё кори вобаста ба сафар дошта бошед, онро бознигарӣ кардан беҳтар аст. Имконияти ба даст овардани даромади иловагӣ низ пайдо мешавад. Бегоҳ дар ҳавои кушод сайр карда, аз фишори рӯзона дур шавед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз барои гузаронидани вақти хуш бо шахси дӯстдошта рӯзи муносиб аст. Метавонед ба кино ё консерт равед ё якҷо хӯроки шом хӯред. Муҳити гарму ороми хона низ ба шумо нерӯ мебахшад ва барои барқарор кардани қувват кӯмак мекунад. Каме истироҳат кардан хуб аст, вале масъулиятҳои кориро фаромӯш накунед. Ҳангоми суҳбатҳои корӣ эҳтиёткор бошед, зеро баъзе қарорҳо метавонанд оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошанд. Ба ҳисси ботинии худ диққат диҳед. Барои пешгирии хастагӣ каме машқи ҷисмонӣ низ муфид аст.