Ҳар як инсон, махсусан занону духтарон орзу доранд, ки мӯйи зебо, ғафс ва пурҷило дошта бошанд. Аслан мӯйи ғафс табиӣ мешавад, вале баъзе ғизоҳое ҳастанд, ки решаи мӯйро мустаҳкам намуда, онро пурҷило мегардонанд.
Ҷигар хӯред
Ҷигари гов ё гўсола ба ғайр аз оҳан боз дорои ферментҳои муҳимест, ки мубодилаи моддаҳоро ба эътидол меоранд. Он натанҳо барои занон, балки ба мардон низ муфид аст. Халалёбии ҳормони мардона яке аз сабабҳои асосии рехтани мўй аст, бинобар ин, парҳезгарон ба одамони аз 40-сола боло, ки мӯяшон бисёр мерезад, тавсия медиҳанд, ки бештар ҷигар хӯранд. Ҷигар ягона ғизоест, ки дар таркибаш гепарин дорад. Ин модда кори дилро беҳтар намуда, камбудиҳои пўстро, ки бар асари зарбхўрӣ пайдо мешаванд, рафъ месозад. Хусусияти дигари гепарин дар он аст, ки калшавиро пешгирӣ мекунад ва барои афзоиши мўйҳо муфид аст.
Банан мӯйро пурҷило месозад
Банан, мавиз, ҷав аз кремний ғанӣ ҳастанд. Вақте дар организми инсон ин мода намерасад, мўйҳо беҷон гашта, ҷилояшон гум мешавад. Ҳафтае ду бор нимистаконӣ пивои филтрнашударо ба мўйи саратон молида, бо полиэтилен печонед ва баъди ним соат бо оби ширгарм бишўед, кокулонатон дубора ҷилонок мешаванд.
Равғани зайтун
Ба ғайр аз равғани зайтун равғани кунҷид ва зағир низ натанҳо витамини Е, балки ҳамчунин ҷавғарҳои барои мўй муфидро дороянд.