goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 24-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2026
555

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Дар зиндагии шумо ихтилофҳое ба миён омада метавонанд, ки ҳалли онҳо осон нахоҳад буд. Аз ин рӯ, шитоб накунед ва ба баҳсу муноқишаҳо ҳамроҳ нашавед. Агар ба низоъ кашида шавед, ба таҳқири дигарон роҳ надиҳед. Корҳое, ки имрӯз оғоз мекунед, метавонанд натиҷаи хуб диҳанд. Дар ҷойи кор оромии худро нигоҳ доред. Вазъи молиявӣ устувор мемонад. Аз фикрҳои манфӣ дурӣ ҷуста, худро аз ҳад зиёд хаста накунед.

Савр (20 апрел-20 май)

Эҳтимол чанд вақт боз касе ба шумо таваҷҷуҳи хос дорад. Шояд ба зудӣ муносибати ошиқона оғоз шавад. Корҳои оилавӣ дахолати шахсии шуморо талаб мекунанд ва мумкин аст нақшаҳоятонро тағйир диҳед ё ба вақти дигар гузоред. Ҳамчунин, эҳтимоли омадани хешовандони дур вуҷуд дорад. Имрӯз фурсати хубест, ки қобилияти роҳбарии худро нишон диҳед ва ташаббусро ба даст гиред. Пас аз чанд вақти душвор, вазъи молиявиятон метавонад беҳтар шавад. Аммо имрӯз барои оғози парҳез рӯзи муносиб нест. Ба талаботи ҷисматон гӯш диҳед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз барои шиносоӣ бо одамони нав рӯзи муносиб аст, аммо муносибатҳои нав метавонанд на он тавре сурат гиранд, ки шумо мехоҳед. Эҳтимол, хешовандони дурдасте, ки кам ба аёдат меоянд, ба дидорбиниатон оянд. Дар бораи зиндагии шахсиатон ба онҳо ҳама чизро нагӯед, то боиси гапу калоча нашавад. Хушбинии табииатон барои паси сар кардани душвориҳои муваққатӣ кумак мекунад. Агар нерӯятон кам шавад, аз дастгирии наздикон истифода баред. Имрӯз аз харидҳои нолозим ва амалиёти молиявии пешбининашуда худдорӣ кунед. Барои нигоҳ доштани саломатӣ ба ғизо, истироҳат ва оромии рӯҳӣ аҳаммият диҳед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Дар муносибатҳои ошиқонаатон тағйироти ғайричашмдошт, вале хушоянд ба амал омада метавонанд. Эҳтимол, хобе, ки шаби гузашта дидаед, маънои махсус дошта бошад, бинобар ин онро ба касе нақл накунед. Дар оила фазои орому осуда ҳукмфармо мешавад ва шумо метавонед бо наздиконатон вақти хуб гузаронед. Диққати роҳбарият ба шумо метавонад нишонаи имкони пешрафти касбӣ бошад, аз ин рӯ, вазифаҳоятонро сарфи назар накунед. Вазъи молиявӣ метавонад каме ноустувор шавад, аммо шумо роҳи беҳтар кардани онро меёбед. Рӯзи шумо пур аз эҳсосоти мусбат хоҳад буд ва шояд ба зудӣ тарзи зиндагиятонро тағйир диҳед.

Асад (23 июл-22 август)

Агар то ҳол ҳамсафари зиндагӣ надошта бошед, ба зудӣ имкони шиносоӣ бо шахси ҷолиб пайдо мешавад. Барои хона муҳити роҳат фароҳам оваред: метавонед мебел харед, таоми навро бичашед ё барои истироҳат роҳхат гиред. Имрӯз ҳангоми амалӣ кардани нақшаҳоятон ба монеаҳо дучор шудан мумкин аст. Қобилиятҳои худро дуруст арзёбӣ кунед ва бо ҳамкорону роҳбарият муносибати дуруст дошта бошед. Барои хароҷоти ногаҳонӣ каме маблағ захира кунед. Дилатонро эҳтиёт кунед ва аз машқҳои аз ҳад вазнин худдорӣ намоед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Эҳтимол, маҷбур шавед, ки муддате аз шахси дӯстдоштаатон дур бошед. Аммо муҳаббати самимӣ аз масофа ва вақт вобаста нест. Агар оиладор бошед, метавонед дарк кунед, ки муносибататон ҳанӯз ҳам пур аз меҳру ҳаяҷон аст. Барои эҳёи эҳсосоти гарму самимӣ танҳо каме тағйир додани муҳит кофист. Имрӯз барои омӯзиш ва кор рӯзи хуб аст. Бисёриҳо роҳи расидан ба ҳадафҳои худро мефаҳманд. Ба пул беэътиноӣ накунед ва ҳамёнатонро дар ҷайби қафои шим нагузоред, зеро хатари дуздии он вуҷуд дорад. Ба саломатӣ диққат диҳед: нишонаҳои беморӣ метавонанд ногаҳон пайдо шаванд.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Агар хоҳед бо шахси муносиб шинос шавед, бештар ба ҷамъомаду чорабиниҳо равед. Либосатонро нав кунед, мӯйи худро оро диҳед ва кӯшиш кунед, ки диққати атрофиёнро ҷалб намоед. Агар муносибататон бароятон муҳим бошад, кӯшиш кунед нуқтаи назари шахси дӯстдоштаатонро низ қабул кунед ва ба эҳсосоти лаҳзаина дода нашавед. Дар масъалаҳои молиявӣ бодиққат бошед, ҳангоми харид оқилона амал кунед ва пешниҳодҳои кориро аз нигоҳи фоидаовар буданашон арзёбӣ намоед. Ҳамчунин, бештар ҳаракат кунед ва аз нишастани тӯлонӣ худдорӣ намоед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Дар пеш шуморо вохӯриҳои нав ва лаҳзаҳои ошиқонаи ҷолиб интизоранд. Эҳтимол, рӯзҳои хушу хотирмонро паси сар кунед. Бо вуҷуди ин, вазъият метавонад боиси изтироб ва асабоният гардад. Эҳтимоли ҷудо мондан аз шахси наздик низ вуҷуд дорад. Барои роҳ надодан ба хатогиҳо сабру таҳаммул нишон диҳед. Маълумоти бадастомадаро истифода баред, аммо барои амалӣ кардани нақшаҳо шитоб накунед: имрӯз вақти таҳлил ва андешидани чораҳои оянда аст. Дар муносибат бо дигарон танҳо манфиати шахсиро ба назар нагиред ва баъзан бе чашмдошти фоида кумак кунед. Эҳтимол, субҳ ё пеш аз нисфирӯзӣ сардард шавед, вале он метавонад то нисфирӯзӣ гузарад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Дар муносибатҳои ошиқона эҳтимоли нофаҳмӣ ва муноқиша вуҷуд дорад. Агар намехоҳед муносибататон осеб бинад, аз баҳсу мунозира ва рӯшан кардани масъалаҳои баҳснок худдорӣ кунед. Машғул шудан ба мушкилоти корӣ метавонад боиси кам шудани таваҷҷуҳи шумо ба оила гардад ва ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсири манфӣ расонад. Сафаре, ки барои имрӯз ба нақша гирифтаед, бобарор хоҳад буд. Дар ҷойи кор низ метавонед қобилияти ташкилотчигии худро нишон диҳед. Ҳамчунин, фурсати хубе барои тартиб додани буҷаи моҳи оянда пайдо мешавад. Агар хоҳед чизи болаззат бихӯред, дар бораи таъсири он ба вазн ва саломатиятон андеша кунед ва истеъмоли калорияҳоро назорат намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Дар зиндагии шахсиатон тағйироти ҷиддӣ ба амал омада метавонанд. Шояд касе муҳаббаташро ба шумо эътироф кунад ва ин оғози муносибати нав гардад. Кайфиятатон хубу устувор хоҳад буд ва суҳбати самимӣ метавонад ташвишҳоятонро рафъ кунад. Имрӯз ҳам барои танҳоӣ ва андеша кардан ва ҳам барои кори фаъолона мувофиқ аст. Сарбории корӣ кам шуда, вақти бештар барои истироҳат пайдо мекунед, аммо ин метавонад ба даромадатон таъсир расонад. Кӯшиш кунед корҳоро бо сифати хуб анҷом диҳед. Ҳангоми хароҷот эҳтиёткор бошед. Бемориҳои кӯҳна метавонанд дубора худро нишон диҳанд, бинобар ин худро аз ҳад зиёд хаста накунед ва қаҳваю машруботро камтар истеъмол кунед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Ба шахсе, ки бароятон азиз аст, занг занед. Ҳатман дар бораи муҳаббататон иқрор шудан шарт нест, метавонед танҳо аз аҳволаш хабар гиред ва каме суҳбат кунед. Фикри аҳли хонаводаро нодида нагиред, аммо нагузоред, ки наздикон аз ҳад зиёд ба корҳои шумо дахолат кунанд. Қарорҳои муҳимро якҷоя қабул кунед. Имрӯз барои пешрафти касбӣ ва вохӯриҳои расмӣ вақти мусоид аст. Шиносҳои худро барои пайдо кардани дастгирии молиявӣ ё мустаҳкам кардани мавқеи кориатон истифода бурда метавонед. Аз хариди гаронбаҳо худдорӣ кунед, вагарна маҷбур мешавед қарзро бо сарфа кардани маблағ барои чизҳои зарурӣ баргардонед. Саломатии шумо хуб хоҳад буд ва нерӯи кофӣ эҳсос мекунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Сафари ошиқона метавонад шуморо аз якрангии рӯзгор дур кунад. Танҳо аз сабаби кам будани маблағ аз чунин имконият даст накашед. Дар муҳокимаи масъалаҳое, ки ба манфиатҳои шумо низ дахл доранд, бетараф намонед. Эҳтимол, аз чорабиниҳои ҷамъиятӣ дур монед, бинобар ин беҳтараш бо аҳли оила вақт гузаронед. Ҳатто одамоне, ки ҳоло дар кор шуморо асабонӣ мекунанд, метавонанд дар оянда ба шумо фоида расонанд. Онҳоро танҳо барои он ки писандатон нестанд, аз худ дур накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД