Arzon march 2024
3 МАСЛИҲАТИ ТАҚДИРСОЗ БА ПИРДУХТАР
10.05.2021
ОИЛА
6052

 

Имсол ба синни 30 қадам мегузорам, вале ҳанӯз бахтамро пайдо накардаам. Волидонам аз зиқӣ маъракагурез шудаанду худам чӣ кор карданамро намедонам. Шавҳарро дар бозор намефурӯшанд, ки рафта яктояшро интихоб кунам. Ба ҳамсояҳои ғайбатчӣ чӣ ҷавоб диҳам?

Ф., ш. Душанбе

Маслиҳат
Бо рафтани синну сол доираи дӯстон танг мешавад, агар шумо дар ягон ҷо кор намекарда бошед, шавҳар ёфтанатон душвор мешавад. Аз афташ аз воҳимаи атрофиён талхакаф шуда, розӣ ҳастед, ки ба дилхоҳ хостгори пешомада дарҳол розигӣ диҳед. Ба пурсуҷӯйҳои атрофиён чӣ ҷавоб доданатонро намедониста бошед, мутаваҷеҳ бошед:

1. Ба ақидаи атрофиён, агар то 30 солагӣ касе ба шумо оиладор нашавад, пас ягон камбудӣ доред ва марде, ки ба шумо оиладор мешавад занмурда аст ё зани якум дорад.
Ба чунин нафарон љавоби зерин диҳед: барои он ба шавҳар намебароям, ки бояд ояндаи худро бисозам. Домод барои он зан нагирифтааст, ки умре шуморо мељустааст.
2. Ҳамсояҳо мегӯянд, ки пирдухтар хушбахт намешавад.
Магар шумо бо ин ақида розиед?
Шумо духтари донову фозил, шахсияти аљиб, раънову дилҷӯ ҳастед. Ҳамин тавр? Модоме хостгорон зиёд бошанд, вақташ, ки расид, якеро интихоб мекунед.

3. Шуморо метарсонанд, ки бо рафтани синну сол кӯдаки солим таваллуд кардан душвор мегардад.
Модаратонро дилпур намоед, ки то 40 солагӣ имкони таваллуд намудани фарзанди солимро доред, чунки худатон солим ҳастед ва илми тиб низ рӯз ба рӯз тараққӣ карда истодааст.

Меҳрубон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД