goodwell
Ятимон ва кӯдакони оилаҳои камбизоат дар “Дурахшон” истироҳат мекунанд
75

Дар истироҳатгоҳи «Дурахшон»-и ноҳияи Файзобод 100 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шудаанд, ки қисми зиёди онҳо кӯдакони нимятим, ятими кулл ва аз оилаҳои камбизоат мебошанд.

Тавре директори истироҳатгоҳи «Дурахшон» Музаффар Раҳимов зимни суҳбат бо хабарнигорони маҳаллӣ гуфтааст, дар истироҳатгоҳ барои кӯдакон беҳтарин шароитҳо муҳайё карда шудаанд. Дар ин ҷо кӯдакону наврасон ба машғулияти варзишию фарҳангӣ ва сайёҳӣ фаро гирифта шуда, бо чор вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд.

Истироҳатгоҳи «Дурахшон» дар деҳаи Дурахшони ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод ҷойгир буда, дорои ҳавзи шиноварӣ, хобгоҳҳои кушод, майдончаҳои бозии тенниси рӯйимизӣ, ошхона ва майдончаи варзишӣ мебошад, ки кӯдакону наврасон аз он истифода менамоянд. Аз сабаби серборишӣ ва хунук будани мавзеи истироҳатгоҳ меваҳои боғи ин муассиса, аз қабили гелосу зардолу ва олуча дертар мепазанд, ки имрӯзҳо кӯдакону наврасон аз ин меваҳои тару тоза истеъмол мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД