arzon replenishment
4 навъи омода кардани хӯриши сезар
1711

 

Маҳсулоти лозима:

  • 350 грам – гӯшти мурғ (филе);
  • 6 дона – нони хушк (батон);
  • 1 дона - капуст;
  • 10 дона – тухми бедона;
  • 8 дона – помидори хурд;
  • 2 дона – сирпиёз;
  • 100 грам – панири ҳоландӣ;
  • равған;
  • соуси соя (соевая соус);
  • намак;
  • мурч
  • майонез

Тарзи таҳия:

Дар аввал гӯшти мурғро реза карда, дар зарф мегирем намак, мурч ва 1 қошуқ равғани офтобпараст илова карда, омехта мекунем ва 40 дақиқа дам медиҳем.

Батонҳоро реза карда дар зарф мегирем, хокаи ролтон ва 1 қошуқ равғани растанӣ илова карда, омехта мекунем ва дар қолаб мегирем, дар ҳарорати 180 дараҷа 10 дақиқа меистад.

Тобаро дар оташи паст мегузорем, 3 қошуқ равған илова карда, гӯшти мурғро бирён карда дар зарфи алоҳида мегирем. Тухми бедонаро меҷӯшонем, пӯсташро ҷудо карда, аз байнаш ду қисм мекунем.

Помидорҳои хурдро ки онро помидори черри мегӯянд аз байнаш ду қисм мекунем. Капустро реза карда, дар зарф мегирем 1 қошуқча намак карда хуб омехта мекунем.

Пасон помидор, тухм, гӯшти мурғ, батони хушккарда ва майонез илова карда хуб омехта мекунем. Баъдан дар зарфи хӯришгирӣ гирифта, аз болояш панирро аз тарошак мегузаронем.

Маҳсулоти лозима:

  • 500 – 600 гарм – гӯшти мурғ (филе)
  • 12 дона – тухми бедона
  • 1 дона – капуст
  • 10 дона – нони хушк (батон)
  • 200 – 250 грам – помидор
  • 1 қошуқча – намак, соки лимон
  • 2 дона – сирпиёз
  • 200 грам – майонез
  • 100 грам – панири ҳоландӣ

Тарзи таҳия:

Дар аввал капустро реза карда дар зарф мегирем, намак карда хуб омехта мекунем. Помидорро реза карда илова мекунем. Гӯшти мурғро (филе)-ро реза карда, мурч, намак, 1 қошуқ равған ва 1 қошуқ соуси соя (соевой соус) илова карда омехта мекунем, 10 дақиқа дам медиҳем, пасон дар тоба 3 қошуқ равған рехта, бирён мекунем.

Тухми бедонаро дар об меҷӯшонем, реза карда дар зарф мегирем. Нони хушк (батон) –ро реза карда, ба он нанамки ролтан ва 1 қошуқ равғани растанӣ илова карда омехта мекунем, дар қолаб гирифта дар ҳарорати 180 дараҷа 10 дақиқа меистад.

Майонезро дар зарф мерезем, 2 дона сирпиёро аз тарошак гузаронида илова мекунем, 1 қошуқ оби лимон ва каме намак ҳамроҳ карда омехта мекунем.

Ҳамаи маҳсулотҳоро якҷоя карда хуб омехта мекунем ва дар зарфи хӯришгирӣ гирифта, панирро аз болояш аз тарошак гузаронида оро медиҳем.

Маҳсулоти лозима:

  • 200 -250 грам – гӯшти мурғ (филе)
  • 6 дона – нони хушк
  • 1 дона – капуст
  • 10 дона – помидор
  • 2 қошуқ - майонез
  • 1 дона – сирпиёз
  • 1 қошуқча – соуси соя (соевый соус), соки лимон
  • 20 грам – панири ҳоландӣ

Тарзи таҳия:

Дар аввал гӯшти мурғ (филе)-ро реза карда, мурч, намак, равғани растнаӣ илова карда, омехта мекунем ба тоба равған молида филеро бирён мекунем. Нони хушк (батон) –ро реза карда, намаки ролтон ва равғани растанӣ илова карда омехта мекунем, ба қолаб гирифта дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа 10 дақиқа меистад.

2 қошуқ майонез, 1 дона сирпиёзро аз тарошак гузаронида илова мекунем, 1 қошуқ соуси соя (соевҷй соус) ва 1 қошуқ соки лимон илова карда, омехта мекунем.

Пасон капустро реза карда дар зарфи хӯришгирӣ мегирем, майонез мекунем. Нони хушккардашударо аз болояш гирифта, майонез мекунем. Помидорро реза карда аз болояш мегирем ва майонез мекунем.

Гӯшти мурғро аз болояш гирифта майонез мекунем. Тухмҳоро ҷӯшонда реза мекунем, майонез мекунем. Панирро аз тарошак гузаронида болояшро оро медиҳем.

Маҳсулоти лозима:

  • 200 грам – гӯшти мурғ (филе)
  • 6 дона – помидор
  • 6 дона – бодиринг
  • 6 дона – батон
  • 1 дона – капуст
  • Майонез
  • Панири ҳоландӣ

Тарзи таҳия:

Гӯшти мурғро реза карда, намак ва мурчу равған карда, омехта мекунем ва дар тоба бирён мекунем. Нони хушкро реза карда, намаки ролтон ва раған карда дар қолаб гирифта, дар ҳарорати 180 дараҷа 10 дақиқа дар тафдон меистад.

Баъдан капустро реза карда, дар зарфи хӯришгирӣ мегирем ва майонез мекунем. Нони хушкро аз болояш гирифта, майонез мекунем.

Помидор ва бодирингро реза карда аз болояш мемонем ва майонез мекунем. Гӯшти мурғро монда майонез мекунем. Панирро аз тарошак гузаронида оро медиҳем.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Повар аз Амрико 2023-09-20, 18:27
Салом. Сезар салати итолиеви буда тарзи тайркарданащ агар бе гушт бошад 1.5 дакика вактро мегирад. Бо гушти мург 7 дак.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Повар аз Амрико 2023-09-20, 18:27
Салом. Сезар салати итолиеви буда тарзи тайркарданащ агар бе гушт бошад 1.5 дакика вактро мегирад. Бо гушти мург 7 дак.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД