formula
5-актёри сарватмандтарини ҷаҳон
511

 

Синамо соҳаи сердаромад буда, ҳунармандони машҳур барои ҳар як нақши офаридаашон ганорари зиёде мегиранд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 5 актёри сарватмандтарини ҷаҳон маълумот медиҳем.

1. Дар рӯйхати ҳунармандони бойтарини ҷаҳон Мерв Гриффин дар зинаи аввал қарор дорад. Дороии ин актёр ва ровии шинохта 1 миллиард доллар арзёбӣ шудааст. Гриффинро як сурудаш, ки бо тиражи 3 миллион ба фуруш рафта буд, машҳур намуд, вале дар асл нақши аввалинашро дар филми “Яъне, ин ишқ аст?” бозидааст.

2. Дар ҷойи дуюм бо боигарии 700 миллион доллар ҳунарманди дӯстдоштаи аксарияти мо, чеҳраи намоёни “Болливуд” Шоҳрух Хон меистад. Дар тӯли фаъолияташ дар синамо ӯ дар 80 филм нақш офарида дар дилу дидаи мардуми саросари ҷаҳон маъво гирифтааст. Шоҳрух Хон барои ҳунару маҳорати олиаш соҳиби ҷоизаҳои зиёд гаштааст. Шоҳи “Болливуд” 14 маротиба сазовори ҷоизаи бонуфузи FILMFARE AWARDS гаштааст. Соли 2005 бошад, ҳукумати Ҳиндустон Шоҳрух Хонро бо ҷоизаи баландмақоми давлатӣ-Падма Шри сарфароз гардонд.

3. Том Круз дар рӯйхати ҳунармадони миллионер дар зинаи сеюм қарор дорад. Ин ситораи тобноки Голливуд дар бисёр филмҳои машҳури ҷаҳонӣ аз қабили; “Ранги пул”, “Коктейл”, “Интервю бо вампир”, “Ҷек Ричер” нақшҳои олиҷаноб бозида, ҳаводорони синаморо мафтуни санъати хеш гардонидааст. Дороии Том Круз 550 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

4. Дар зинаи чорум Ҷорд Клуни бо дороии 500 миллион доллар қарор дорад. Ҷорд ҳунарпешаи шинохтаи амрикоӣ, коргардони бомаҳорат, продюсери пуртаҷриба ва филмноманавис мебошад. Ӯ пас аз нақшофарӣ дар филми “Ёздаҳ дӯстони Оушена” шӯҳрати зиёд ёфта, ба ҷоизаи “Оскар” сазовор дониста шудааст.

5. Амитабх Бачхан-ситораи дурахшонтарини синамои Ҳинд дар зинаи панҷуми рӯйхати ҳунарпешаҳои сарватманди олам қарор дорад. Дар 40 соли фаъолияташ дар синамо Амитабх Бачхан дар 180 филм нақшҳои олиҷаноб бозидааст. Солҳои 1970-1980 ӯ дар қуллаи баландтарини шӯҳрат қарор дошт ва чеҳраи Ҳиндустон ба шумор мерафт. Синну солаш ба ҷое расида бошад ҳам, Амитабх Бачан ҳанӯз ҳам ин мақомро нигоҳ медорад ва мухлисонаш дар тамоми дунё ба ҳунари волои ӯ арҷ мегузоранд. Сарвати Амитабх Бачхан 425 миллион долларро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД