formula55
5 маслиҳати муфид ба кадбону
1089

 

Вақте шир турш мешавад

Азбаски ҳаво рӯз ба рӯз гарм шуда истодааст, минбаъд ширу маҳсулоти ширӣ ба зудӣ вайрон мешаванд. Ҳангоми турш шудани шир дарҳол онро напартоед, беҳтараш баъди 3 рӯз аз он чалпак (оладьи) омода намоед.

Торти зудпаз

Агар ба хонаатон омадани меҳмонро интизор бошеду зуд торт пухтанӣ бошед, аз вафлиҳои махсус (вафельные формы) истифода баред. Кӯшиш намоед, ки ҳамеша дар хона аз вафлиҳои мазкур дошта бошед. Дар зарурат ширқиём (варёная сгущёнка) ва равғани маскаро бо миксер лат зада, ба вафлиҳо молидан кифоя аст, то ки торт омода шавад.

Тухми куҳна кадом аст?

Барои аниқ кардани он ки тухм куҳна аст ё тару тоза чӣ бояд кард? Барои ин дар зарфе об гиреду тухмҳоро ба даруни он андозед. Тухми нав ҳамеша таги об мераваду тухми куҳна рӯйи об мебарояд. Тухми 2-3 ҳафтаина дар дохили об ба таври амудӣ меистаду тухми аз ҳад зиёд куҳна рӯйи об мебарояд ва онро тамоман истеъмол кардан мумкин нест.

Роҳи осони тоза кардани сирпиёз

Аксарият медонанд, ки аз пучоқ тоза кардани сирпиёз кори душвор аст, вале як роҳи хеле осони тоза кардани сирпиёз вуҷуд дорад. Сирпиёзро ба зарфе андохта, даҳонашро маҳкам кунеду зарфро нағзакак алвонҷ диҳед. Қисмати зиёди пучоқи сирпиёз меафтад. Ба ҷои зарф бонкаи сарпӯшдорро истифода бурдан мумкин аст.

Барои он ки қандина сахт нашавад

Ҳар яки мо истеъмол намудани қандинаву кулчақандҳои хонагиро хеле дӯст медорем. Мутаассифона, ин хӯрданиҳои лазиз ба зудӣ хушк мешаванд. Барои он ки қандинаву кулчақандҳои пухтаатон муддати мадид сахту хушк нагарданд, онро ба даруни зарфи даҳонаш маҳкам гузошта, дар паҳлӯяш як пора себро гузоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД