formula
5 навъи хӯриши “Соли навӣ”
1772


                 ХӮРИШИ «САФЕДАК»

Маҳсулоти лозима:

Картошка - 3 дона
Гӯшти мурғ - 150 гр
Тухм – 7 дона
Сирпиёз – 1 дандона
Панир - 80 гр
Майонез - 300 гр

Тарзи таҳия:

Аввал гӯшти мурғ, тухм ва картошкаро дар об меҷӯшонем. Сафедии тухмро аз зардияш ҷудо карда, алоҳида аз турбтарошак мегузаронем. Дигар маҳсулотҳоямонро дар якҷоягӣ аз турбтарошак гузаронида, бо майонез омехта мекунем. Аз онҳо тӯбчаҳо сохта, дар сафедии тухм меҷӯлонем ва ҳамаашонро дар лаълӣ чида аз болояш боз сафедии тухм мепошем.

ХӮРИШИ «2024»

Маҳсулоти зарурӣ:

Гӯшти мурғ - 300 г;
сабзӣ - 200 г;
пиёз - 100 г;
Тухм – 1 дона;
Панир - 200 г;
Майонез - 400 г;
чормағз - 100 г;
равғани растанӣ - 40 мл
Тарзи таҳия:
Дар аввал гӯшти мурғ, сабзӣ ва тухмро дар об меҷӯшонем. Пиёзро чоркунҷа реза карда, бирён мекунем. Гӯшти мурғро чоркунҷа реза карда, тухму сабзӣ ва панирро аз турбтарошак мегузаронем.
Дар лаълӣ қолаби рақамҳои “2024”-ро гузошта, гирди онро барги салат мечинем. Маҳсулотамонро дар қолаб қабат ба қабат чида, майонез мемолем. Қабати болои хӯришро майонез молида, бо мағзи чормағз оро медиҳем.

                          Хӯриши “Арча”

Маҳсулоти лозима:

100грам – гушти мурғ
2 дона – тухми обпазшуда
2 дона – картошкаи обпазшуда
1 п - панир 2 дона - укроб Майонез

Тарзи таҳия:

Аввал ҳамаи маҳсулотҳоро дар об меҷушонем ва гушти мурғро чоркунҷа реза мекунем. Тухм, картошка ва панирро аз тарошак ( тёрка) мегузаронем ва ҳамаашонро дар зарфи хӯришгирӣ гирифта, майонезро илова намуда, хуб омехта мекунем. Баъд хӯришро дар коғази пергамент гирифта, шакли арчаро месозем. Барои ороиш укробро реза карда аз болои хӯриш мемонем. Барои ороиши арча аз бургори ва панир истифода мебарем.

Хӯриши “Бобои Барфӣ”

Маҳсулоти лозима:

300 грам – гӯшти гов
1 дона – картошкаи обҷушида
1 дона – сабзии обҷушида
2 дона - қаламфури булғорӣ
4 дона – тухми обҷушида
Майонез
Намак

Тарзи таҳия:
Дар зарфе гӯштро чоркунҷа реза карда дар шакли Бобои Барфӣ месозем ва майонез мемолем. Картошкаро аз тарошак мегузаронем ва аз болояш рехта, майонез мемолем. Сабзиро аз тарошак мегузаронем ва боз майонез мемолем. Зардии тухмро аз тарошак мегузаронем ва онро аз болояш мепошем. Сафедии тухмро низ аз тарошак мегузаронем ва аз поёни зардиаш мемонем он риши Бобои Барфӣ мешавад. Қаланфури булғориро майда реза мекунем ва аз болояш мемонем, он калапӯши Бобои Барфӣ мешавад. Як қисмашро барои бинияш мемонем ва аз зайтун чашмҳояшро месозем.

Хӯриши “Наҳанг”

                    Маҳсулоти лозима:
Тухм – 5 дона
Картошкаи обпазшуда – 5 дона
Сабзии обпазшуда – 5 дона
Гӯшти моҳӣ – 200 грам
Мағзи чормағз – 200 грам
Намак мувофиқи табъ
Майонез – 200 г

                      Тарзи таҳия:
Аввал ҳамаи маҳсулотҳоро шуста тоза карда, омода кунед. Тухм, картошка ва сабзиро дар об ҷӯшонед. Гӯшти моҳиро намак карда, ба тоба равғани растанӣ рехта, дар он моҳиро дар оташи баланд аз ҳар ду тараф бирён кунед ва дар оташи паст то пурра пухтанаш нигоҳ доред.
Картошкаро аз тарошак гузаронида дар зарфи хӯришгирӣ дар шакли моҳӣ гузоред ва майонез молед. Сабзиро низ аз тарошак гузаронида майонез молед. Моҳӣ, ки хунук шуд, чоркунҷаи майда реза карда, дар зарфи хӯришгирӣ гиред ва майонез молед. Тухмҳоро низ ҷӯшонда, чоркунҷаи майда реза карда, аз болояш резед ва майонез молед. Панирро аз тарошак гузаронида, аз болояш гузоред ва боз майонез кунед. Чормағзҳоро ба рӯяш пошида боз камтар майонез мекунед. Ангурро шуста, ба ду қисм буред ва донаҳояшро хориҷ кунед. Ангурро дар болои хӯриш ба шакли чашми моҳӣ истифода баред.
Бо иштиҳо бошед ва хони солинавиатонро бо хӯришҳои зебо ва бомазза оро диҳед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД