Чаро баъзеҳо нисбат ба ҳамсолони худ ҷавонтар менамоянд? Гарчанде синну соли онҳо як аст, аммо синну соли биологии организмашон метавонад фарқ кунад. Сабаби ин на ҳамеша ирсият аст. Аксаран тарзи зиндагӣ ва одатҳои ҳаррӯза ба раванди пиршавӣ таъсир мерасонанд.
Косметолог Ангелина Кондрахина панҷ омили асосиро номбар кардааст, ки метавонанд пиршавии организмро тезонанд ва боиси барвақт пайдо шудани чинҳои рӯй шаванд.
1. Истеъмоли зиёди қанд
Яке аз омилҳои асосии пиршавии бармаҳал истеъмоли аз ҳад зиёди қанд аст. Вақте миқдори глюкоза дар хун зуд-зуд баланд мешавад, раванди гликатсия оғоз меёбад. Дар натиҷа молекулаҳои шакар ба сафедаҳои коллаген ва эластин пайваст шуда, фаъолияти онҳоро халалдор мекунанд. Ин ду сафеда барои нигоҳ доштани устуворӣ ва чандирии пӯст муҳиманд. Ҳангоми осеб дидани онҳо чинҳои амиқ пайдо мешаванд.
Барои кам кардани ин таъсир мутахассис тавсия медиҳад, ки истеъмоли нӯшокиҳои ширин, шарбатҳо ва дигар маҳсулоти дорои қанди зиёд маҳдуд карда шавад. Ҳамчунин, беҳтараш аввал сабзавоту ғизои сафедадор, баъд маҳсулоти карбогидратдор ва дар охир шириниҳо истеъмол карда шаванд.
2. Камхобӣ
Хоби кофӣ барои барқароршавии организм ва фаъолияти мағзи сар зарур аст. Ҳангоми хоб системаи махсуси мағзи сар моддаҳои зарароварро хориҷ мекунад. Агар инсон шабона камтар аз ҳафт соат хоб кунад, ин раванд пурра анҷом намеёбад. Дар натиҷа хотира ва қобилияти фикрронӣ суст шуда, раванди пиршавии мағзи сар метезонад.
Камхобӣ ба пӯст низ таъсири манфӣ дорад. Норасоии хоб боиси зиёд шудани гормони кортизол мегардад, ки ба коллаген зарар мерасонад. Аз ин рӯ, барои нигоҳ доштани ҷавонии пӯст ҳар шаб 7–8 соат хоб кардан ва пеш аз хоб аз истифодаи телефон худдорӣ намудан муҳим аст.
3. Камҳаракатӣ
Муддати зиёд нишастан на танҳо ба қомат, балки ба саломатии умумӣ низ зарар мерасонад. Ҳангоми камҳаракатӣ фаъолияти мушакҳо суст шуда, мубодилаи чарбҳо халалдор мегардад. Баъди 40-солагӣ мушакҳо бе машқҳои ҷисмонӣ зудтар ҳаҷм ва қувваи худро аз даст медиҳанд. Дар натиҷа пӯст низ устувории худро гум мекунад.
Барои пешгирии ин ҳолат шарт нест, ки ҳатман ба толори варзишӣ равед. Кофист, ки ҳар ним соат аз ҷой бархоста, каме ҳаракат кунед ва ҳар рӯз тақрибан 30 дақиқа роҳ гардед. Ҳамчунин, ҳафтае ду маротиба машқҳои ҷисмонт анҷом додан ба нигоҳ доштани мушакҳо ва устувории бадан мусоидат мекунад.
4. Стресси доимӣ
Стресси давомдор низ яке аз омилҳои пиршавии бармаҳал мебошад. Дар чунин ҳолат миқдори гормони кортизол дар организм зиёд мешавад. Ин гормон метавонад ба фаъолияти ҳуҷайраҳо таъсири манфӣ расонида, раванди навшавии онҳоро суст кунад. Ҳамчунин, ҳосилшавии коллагенро коҳиш дода, ба нигоҳ доштани ҷавонӣ ва чандирии пӯст халал мерасонад.
Барои ором кардани организм мутахассис машқи одии нафаскаширо тавсия медиҳад: ду маротиба пайиҳам аз бинӣ нафас гирифта, сипас онро оҳиста аз даҳон берун кунед. Ин амалро чанд маротиба такрор кардан мумкин аст.
5. Танҳоӣ ва дурӣ аз муошират
Танҳоӣ на танҳо ба ҳолати рӯҳии инсон, балки ба саломатии ӯ низ таъсири манфӣ мерасонад. Ба гуфтаи мутахассис, стресси доимӣ дар натиҷаи дурӣ аз дигарон системаи масуниятро заиф карда, хотира ва қобилияти фикррониро коҳиш медиҳад ва хатари бемориҳои дилро зиёд мекунад.
Аз ин рӯ, муошират бо наздикону дӯстони худ ва нигоҳ доштани робитаҳои иҷтимоӣ барои саломатӣ муҳим аст. Ҳар рӯз бо касе суҳбат кардан ва мунтазам бо одамони наздик вохӯрдан метавонад ба беҳтар шудани ҳолати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ мусоидат кунад.
Чӣ гуна метавон раванди пиршавиро суст кард?
Ба гуфтаи Ангелина Кондрахина, организм дар ҳар марҳилаи зиндагӣ қобилияти барқароршавӣ дорад. Барои ин ҳатман тағйироти куллӣ дар тарзи зиндагӣ лозим нест. Баъзан одатҳои одӣ, аз ҷумла ғизои дуруст, хоби кофӣ ва ҳаракати мунтазам метавонанд натиҷаи хуб диҳанд.
Мутахассис се қадами муҳимро тавсия медиҳад: ҳар рӯз на камтар аз 30 дақиқа роҳ гаштан, шабона 7–8 соат хоб кардан ва аз истеъмоли нӯшокиҳои ширин даст кашидан. Ин одатҳои одӣ ба нигоҳ доштани саломатӣ, фаъолияти дурусти организм ва ҷавонии пӯст мусоидат мекунанд.
Муҳим он аст, ки барои ғамхорӣ ба саломатӣ ҳеҷ гоҳ дер намешавад. Ҳатто тағйироти хурд дар тарзи зиндагӣ метавонанд бо гузашти вақт ба беҳтар шудани вазъи организм ва суст шудани баъзе равандҳои пиршавӣ мусоидат кунанд.