goodwell
5 роҳи барқарорсозии солимии пӯст пас аз гармои тобистон
29.08.2026
Oila.tj
61

Пас аз тобистон пӯст метавонад хушк, хира ва ноҳамвор шавад. Баъзан дар он чинҳои майда низ пайдо мешаванд. Офтоби зиёд, оби ҳавз ва тағйири иқлим ба пӯст таъсири манфӣ расонида, боиси кам шудани намии пӯст ва суст шудани қабати муҳофизатии он мешаванд. Барои барқарор кардани пӯст бояд онро дуруст ва мунтазам нигоҳубин кард.

1. Пӯстро бо нармӣ тоза кунед

Дар ин давра аз воситаҳои сахт истифода набаред. Скрабҳои дағал ва воситаҳои дорои кислота метавонанд пӯстро бештар сурх ва дурушт кунанд. Барои шустан мағзобаҳои мулоим ё воситаҳои ширмонандро истифода баред. Онҳо пӯстро хуб тоза карда, қабати муҳофизатии табиии онро нигоҳ медоранд.

2. Бо малҳам намнок кунед

Пас аз тобистон ба пӯст бештар намӣ лозим мешавад. Барои ин аз малҳам ва зардобҳои дорои кислотаи гиалуронӣ истифода бурдан мумкин аст. Керамидҳо низ барои мустаҳкам кардани қабати муҳофизатии пӯст муфиданд. Алоэ вера бошад, пӯсти асабонишударо ором мекунад. Малҳами намноккунандаро субҳ ва ҳангоми хушк шудани пӯст дар давоми рӯз истифода баред.

3. Аз офтоб муҳофизат кунед

Ҳатто дар охири тобистон ва аввали тирамоҳ офтоб метавонад ба пӯст зарар расонад. Аз ин рӯ, ҳар саҳар креми муҳофизаткунандаи офтоб бо SPF истифода баред. Ин крем пӯстро аз таъсири зараровари нурҳои ултрабунафш муҳофизат мекунад ва ба барқарор шудани он кумак мерасонад.

4. Агар нигоҳубини хонагӣ кофӣ набошад

Агар пӯст аз таъсири зиёди офтоб сахт хушк ё осеб дида бошад, танҳо крем метавонад кофӣ набошад. Дар чунин ҳолат ба духтур ё мутахассиси пӯст муроҷиат кардан лозим аст. Мутахассис метавонад усулҳои махсус, аз ҷумла биоревитализатсия, мезотерапия ё пилинги мулоимро тавсия диҳад. Ин усулҳо метавонанд ба барқарор шудани намӣ, ҳамвор шудани пӯст ва беҳтар шудани намуди рӯй кумак кунанд.

5. Барои барқароршавии пӯст шитоб накунед

Барқарор шудани пӯст вақт мехоҳад. Кӯшиш накунед, ки онро зуд сафед ё бо скрабҳои сахт тоза кунед. Ин метавонад пӯстро осеб дода, боиси сурхшавӣ ва пайдо шудани доғҳо гардад. Аввал пӯстро ором ва хуб намнок кунед. Баъд, агар зарур бошад, аз воситаҳои мулоими тозакунанда истифода баред. Муҳимтар аз ҳама, нигоҳубинро мунтазам идома диҳед. Бо ин роҳ пӯст тадриҷан тароват ва намуди солими худро барқарор мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД